Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Идоракунии меъёрии захираҳои башарӣ, ки модел дар шароити инкишофи эҷодкорӣ, қаноатманд будан аз кор, инкишофи идоракунии корпоративӣ дида мешавад.

  2. Идоракунӣ дар асоси ба дигар кас вогузории ӯҳдадориҳо, ки дар менеҷмент васеъ истифода бурда мешавад. Коркарди ин модел ба он асос ёфтааст, ки усули ҳукмравӣ ба усулҳои демократии идоракунӣ мувофиқат намояд. Ва ин Модели Гарсбург номида мешавад, ки ба шаш қоидаи асосӣ такя мекунад.

  3. Қарори идоракунӣ дар дараҷае қабул карда мешаванд, ки онҳо иҷро мегарданд.

  4. Қарорҳои идоракунӣ на аз тарафи роҳбари алоҳида, балки бояд аз тарафи гурӯҳи одамон қабул карда шаванд.

  5. Ҳар як коргар бояд майдони аниқи фаъолияти худро дошта бошад.

  6. Масъулият ба як роҳбари боло марказонида нашуда, балки ба коргароне равона гардад, ки ба ин масоил сару кор дорад ва ҷавобгарӣ низ ба дӯши ӯ бошад.

  7. Тақсимоти вазифаҳо бояд аз поён ба боло бошад, мувофиқи ҳамон қароре, ки дар поён ҳал карда мешавад.

  8. Қоидаҳои алоқамандии роҳбар ва коргарон бояд аниқ муайян бошанд.

  9. Идоракунии ҳамҷоягӣ - вақте, ки коргар аз корҳои ширкат қаноатманд аст ва дар он хуб иштирок мекунад.

22.2. Системаи идоракунии захираҳои башарӣ
дар ташкилот

Истифодаи таҳлили системавӣ имкон медиҳад, ки тадқиқоти дохилии системаи идоракунии захираҳои башарӣ сифати сохтори он, омилҳои ба он таъсиррасонанда ва алоқамандии онҳоро аниқ намоем.

Идоракунии захираҳои башариро дар ташкилотҳо ҳамчун системаи мураккабе, ки зерсистемаҳои он бо ҳам алоқаманд ва аз ҳам вобаста ташаккул ёфта мебошад. Ба сифати омили системавию масъулиятнок кулли донишҳо, малака ва таҷрибаи корӣ ҳисоб карда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ