Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷалб намудан ва иштироки бевоситаи коргарон дар коркард ва иҷрои нақшаҳои стратегӣ;

сифати назорати амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ ва баҳои самаранокии иҷтимоию иқтисодии он.

Яке аз равияҳои асосии ислоҳоти дохилиташкилотии идоракунии захираҳои башарӣ ин бойгардонидани мазмуни меҳнат мебошад, ки ба қонеъгардонии талаботҳои технологӣ ва ташкили стратегияи инкишофи корхона ва талаботҳои шахсии коргарон равона шудааст.

Дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои тараққикарда ва корхонаҳои давлатҳои собиқ шӯравӣ роҳҳои бойгардонии мазмуни меҳнатро ба тариқи зайл ҷудо кардан мумкин аст:

васеъ гардидани ташкили интегралии меҳнат дар асоси ташкили гурӯҳҳои комплексии худидоравӣ. Нишонгирӣ ба амалӣ гардонидани лоиҳаҳои алоҳида ва вазифаҳо;

иваз кардани муносибатҳои амудии қитъаи шакли расмиятпарастӣ ба муносибатҳои уфуқии байнифункционалӣ ва байниширкатӣ;

ҷорӣ кардани шакли масофавии ташкили меҳнат бо истифода аз шабакаҳои минтақавӣ ва глобалии системаи компютерӣ, ташкили виртуалӣ ва коргоҳ;

ҷорӣ намудани тақсимоти вазифаҳо, реҷаи кории қатъӣ, истифодаи қувваи корӣ аз рӯи шартномаи кӯтоҳмуддат.

Мақсади асосии ислоҳоти системаи идоракунии захираҳои башарӣ ин даст кашидан аз усулҳои пешинаи функционалии роҳбарӣ ва гузаштан ба усулҳои нав, яке бо назардошти субъекти муносибати меҳнатӣ дар асоси ҳамкории баробарӣ, демократикунонӣ ва худидоракунӣ дар ташкилот мебошад.

Дар байни равияҳои беҳтар кардани механизми идоракунии кормандӣ мақоми муҳимро дар инкишофи дохилиширкатии захираҳои башарӣ мебозанд.

Дар солҳои охир дар мамлакатҳои тараққикарда, дар зери таъсири инқилоби ахборию зеҳнӣ дигаргунсозии шакли анъанавии ташкилотҳо ба вуҷуд омадаанд. Онро «ташкилоти омӯзанда» меноманд ва сифати асосиашро на захираҳои моддӣ ва молиявӣ, балки дониш, интеллект, навоварӣ ва ахбор ташкил мекунад. Ба ақидаи олимон фарсудашавии ҳарсолаи дониш 10-15%-ро ташкил мекунад. Имрӯзҳо барои аз нав тайёр кардани мутахассисони хориҷа то 20%

пешина
аз 512
навбатӣ