Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тадқиқотҳо дар соҳаи менеҷмент ва идоракунии ҳайат нишон медиҳанд, ки дар ин раванд алоқамандӣ вуҷуд дорад. Агар муносибатҳоро дар шакли глобалӣ не, балки дар асоси таҳлили як қатор нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатӣ дида бароем, ба сифати нишондиҳандаҳои миқдорӣ бояд, чунин баҳо дода шаванд:

қариб 80% аҳолии қобилияти меҳнатӣ доштаи кураи Замин дар асоси меҳнати кироя кор мекунанд, яъне «дар хонаи худ не», балки «барои дигарон»;

аз кор озод кардани як коргар, ки дар ташкилот зиёда аз 5 сол кор кардааст, ба зарари корхонаҳои амрикоӣ баробари 50000 доллар мебошад;

дар шароити мӯътадил хароҷот барои омӯзиши ҳайат на камтар аз 3% музди меҳнат, дар вақти ивази технология бошад 7-8%-ро ташкил медиҳад.

Расми 3. Мазмуни алоқамандии асосии «Ҷамъият - Одамон - Ташкилот»

пешина
аз 512
навбатӣ