Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 14
Системаи тайёркунӣ ва бозомӯзии мутахассисон ва менеҷерон
Шакл ва усули таълим
Системаи иваз кардани кормандон
Дар доираи вазифаҳо
Таълим ва таҷриба-омӯзии берун аз корхона
Таълим ва таҷрибаомӯзии дохили корхона
Таълими мустақилона
Барномаи дарозмуддати таълимӣ
Омӯзиш аз рӯи нақшаи махсус
Омӯзиш дар дигар сохторҳои таркибии корхона
Таълими шабона
Ҷобаҷо-гузории кормандон
Таълим дар мактабҳои олӣ
Таълим дар ҷои корӣ
Ғоибона
Инкишоф аз рӯи вазифа
Иштирок дар конференсияҳо
Ихтисоси нав
Усули инкишофёфтан таълим ин усули озмоишӣ ба ҳисоб меравад, ки дар аксари мактабҳо истифода карда мешавад.
Мактаби олмонӣ ба ин усул такя карда менависанд, ки усули мазкур дар омӯзиши таҷрибаи кории роҳбароне истифода карда мешаванд, ки фаъолияти ширкаташон хуб мебошад. Мақсад аз он иборат мебошад, ки кори роҳбарии корхонаҳои пешқадамро таҳлил карда, мо восита, усулҳо ва методҳои «технологияи идоракунӣ»-ро меомӯзем, ки хислати воқеӣ дорад.
Маълум мебошад, ки сифат ва самаранокии ҳайат вобаста аз он мебошад, ки система ва дараҷаи музди меҳнат ва чорабиниҳои иҷтимоии коргарони корхона то чӣ андоза талаботи онҳоро қонеъ мегардонад. Чунин талаботҳо дар ширкатҳои калони байналхалқии «Тойота», «Ҳонда», «Шарп», «Каматс», «Дженерал», «Форд», «Волва» ва як қатор ширкатҳои дигар ба таври васеъ дида мешавад.
Гуфтаҳои боло нишон медиҳанд, ки зарурияти тағйироти таълими менеҷерон аз ҳисоби одамоне, ки қариб аксари омилҳо ба онҳо вобаста буда, корхонаҳо маҳз бо ташаббуси онҳо инкишоф ёфта пеш мераванд, ба миён

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ