Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 15
Фарқияти рӯҳин байни марду зан
| т/т | Хизлатҳои | Мард | Зан |
|---|---|---|---|
| 1. | Усули ҳалли монеаҳо | Қувва, зеҳн | Зиракӣ ва чолокӣ |
| 2. | Нишонагирӣ ба масоилҳо | Ояндабинӣ | Ҷорӣ |
| 3. | Талабот ба ҳавасҳои аслӣ | Паст | Баланд |
| 4. | Асосҳои қарор | Муҳокимавӣ | Ҳиссӣ |
| 5. | Хизлат | Пӯшида | Кушода |
| 6. | Муносибат ба олами беруна | Воқеӣ ва танқидӣ | Идеалистӣ, фаросат |
| 7. | Рафтор | Мазмунан | Эҳсосотӣ |
| 8. | Бартарияти шаклҳои фикрронӣ | Мантиқи сухан | Аёнии амалӣ |
| 9. | Асоси диққат | Мазмун | Шакл |
| 10. | Мушоҳидакорӣ ва аниқ будан | Паст | Баланд |
| 11. | Нишонагирӣ | Корӣ | Шахсӣ |
| 12. | Муносибат ба атрофиён | Ростхата | Печдарпеч |
| 13. | Ҳаракат дар сухан, таъриф кардан | Оромона | Фаъолона |
Шахсият аслан дар рафтор худро муайян месозад. Донистани фарқиятҳои дар боло зикршуда, имкон медиҳад, ҳолатҳоро муайян карда, пешгӯӣ намоем, ки ин барои идоракунии одамон шароити мусоид фароҳам меорад.
Мақсаднокии шахс гуфта, хислати ӯро вобаста ба нишонагирии устувори рафтор, мотивҳо, мақсад, ки новобаста аз ҳолатҳои гуногун вуҷуд доранд, меноманд. Мақсаднокӣ ба се намуд ҷудо карда мешавад:
- барои алоқамандӣ;
- барои вазифагузорӣ;
- барои манфиати шахсӣ.
Мақсаднокӣ барои алоқамандӣ гуфта, фаъолияти шахсро дар муомила ва ҳамкорӣ бо дигарон дар ҷараёни кор меноманд. Аксар шахсон ба натиҷа ва мақсади аниқи гуфтушунидҳо кам аҳамият дода, диққати асосии худро ба иҷрои кор ва ҳузур доштан дар муҳити коллектив равона месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ