Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Нобиғавӣ — ин дараҷаи олии қобилияти модарзодӣ, ё худ Илоҳӣ буда, шахсони чунин қобилият корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки моҳияти умумиҷаҳонӣ дошта, дар таърих ва таҷрибаи башарӣ мемонанд (Рӯдакӣ, Абуали ибни Сино, Фирдавсӣ, Низомумулк, Саъдӣ, Хайём, Ҳофиз, Бедил, А. Дониш ва ғайра).
Дараҷаи қобилиятҳои махсус ин имконотҷое мебошад, ки одамон дар асоси донишҳои гирифтаашон ва таҷрибаи корнашон пайдо мекунанд.
Фикрронии муҳайял ва шарҳӣ - ин қобилиятро асосан соҳибкорон ва санъаткорон доранд.
Фикрронии мантиқӣ - хислати мушаххас, танқидӣ, маълум, пайдарпайи номушаххасӣ - мантиқӣ ва назариявӣ.
Фикрронии омехта — ин хислат ба шахсоне хос мебошад, ки онҳо нуқтаи назари умумӣ дошта, мустақилона ва тез қарор қабул менамоянд, имкони бомуваффақияти аз ӯҳдаи кор баромаданро меёбанд.
Марказгирӣ, равонаи фикрронӣ барои мақсади аниқ, марказонидани қудрати психикии одамонро диққат мемонанд.
Диққат мешавад ихтиёрӣ ва дар зери назорати одамон. Таҷриба нишон медиҳад, ки одамони қобилияти якхела дошта бояд дар корхона вазифаҳои гуногунро дошта бошанд. Ин имконият медиҳад, ки иқтидори одамон пурра истифода карда шавад ва муноқишаи одамон кам шуда, якдигарфаҳмӣ меафзояд.
Психологи машҳури Ғарб Ҷ. Голланд дар асоси мувофиқати қобилиятҳо шаклҳои зерини шахсиятҳоро ҷудо мекунад:
Воқеӣ - ин шахсон қобилияти ба худ тобеъкуниро дошта, вазифаҳои амалиро дар асоси натиҷаҳои мухтасар ҳал мекунанд. Мустақилият, далерӣ дар онҳо дида мешавад.
Тадқиқотӣ - шахсони чунин қобилият дошта ҳаваси таҳлили аналитикӣ ва ҳалли масъалаҳои эҷодии хислати абстрактикӣ доштаро доранд, инчунин мустақилона навоварӣ мекунанд.
Нафосат - ҳунармандоне, ки ба эҳсосоти баланд доданашуда, муносибати худро бо санъати нафис нишон медиҳанд.
Иҷтимоӣ — хислати демократӣ дошта, доимо ҳаракати меҳнати дастҷамъии коллективиро интихоб менамояд, ба дигарон дар омӯзиш, тарбия, муносибатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ