Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

23.1. Консепсияи идоракунии фаъолияти иттиҳодияӣ

Инкишофи иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки асоси иқтисоди онҳоро корхонаҳои калони саноатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ассотсиатсияҳо, ташкилотҳои калони молиявӣ - қарзӣ, холдингҳо ва фирмаҳо ташкил мекунанд, ки онҳоро якҷоя системи иттиҳодиягӣ меноманд. Қисмати иттиҳодиягӣ қудрати калони иқтисодӣ захираҳои истеҳсолӣ ва молӣ доранд. Ин қисмат бо корхонаҳои хурду миёна алоқаи зич дошта, онҳоро барои иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ, илмию техникӣ ва фурӯш ҷалб мекунанд. Нисбат ба корхонаҳои бизнеси хурду миёна иттиҳодияҳои калон ҳамчун роҳбаладе, ки сиёсати иқтисодии соҳаро мебаранд, хизмат мерасонанд. Иқтисоди миллӣ бо туфайли инкишофи иқтисоди иттиҳодиягӣ мавқеи мустаҳкамро ноил мегардад, қобилияти рақобатнокии худро мустаҳкам мегардонанд ва болоравии истеҳсолиро таъмин месозанд.

Мақоми иқтисодии системи иттиҳодиягӣ пурра вобаста аз он мебошад, ки системи идоракунӣ чӣ хел ташкил карда шудааст. Барои ин сохтори ташкилии онҳо мақоми арзанда дорад.

Сохтори баҳамоии иттиҳодиягӣ (СБИ) гурӯҳи шахсони ҳуқуқӣ, ё корхонаҳои мустақиди хоҷагидорӣ мебошанд, ки дар асоси муносибатҳои шартномавӣ фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ мебаранд.

Шакли асосии ташкилию хоҷагидории СБИ дар таҷрибаи ҷаҳониён инҳо мебошанд:

Ташкилотҳои калони саҳҳомӣ, ки сохтори идоракунии маҷмӯӣ доранд, ташкилотҳои холдингӣ ва назоратии онҳо, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ, консорсиумҳо, гурӯҳҳои шартномавӣ, иттиҳодияҳои байналхалқӣ мебошанд. Ташкилотҳои холдингӣ, ин кулли шахсони ҳуқуқӣ аз корхонаҳои асосӣ ва зертаркиб, ки байни якдигар муносибатҳои ҳиссавӣ доранд, иборат мебошанд.

Шаклҳои зерини ташкилотҳои холдингӣ фарқ мекунанд:
холдинги молиявӣ;
холдинги идоракунанда;
холдинги хоҷагӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ