Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Холдинги молиявӣ, корхонаи асосие, ки функцияи молиявию маблағгузорӣ ва назоратию идоракуниро нисбат ба корхонаҳои зертаркиб дошта, ба функцияи истеҳсолии онҳо кордор намебошанд.
(СБИ) Сохтори баҳамонии иттиҳодияви
Ҷамъиятҳои калони саҳҳомӣ ва ширкатҳои соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ
Гурӯҳҳои молиявию саноатии расмӣ, байналхалқӣ ва байнидавлатӣ
Ташкилотҳои калони саноатӣ ва тиҷоратию саноатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар соҳаи талаботи пардохтшаванда
Расми 1. Сохтори табақаи иттиҳодияви дар иқтисодиёт.
Холдинги идоракунанда корхонаи асосие, ки функцияи роҳбарии рушди илмию техникӣ ва ташкилию иқтисодии корхонаҳои зертаркибро иҷро мекунанд.
Холдинги (омехта) хоҷагӣ корхонаи асосие мебошад, ки дар баробари функцияи идоракунӣ боз фаъолияти мустақилонаи соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, тиҷорат ва ғайраро низ дорад. Гурӯҳҳои молиявию саноатӣ (ГМС) - кулли ташкилотҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, компанияҳои суғурта, лизингӣ, фондҳои нафақа ва маблағгузорӣ).
Компанияҳои истеҳсолию фурӯш, ки байни худ алоқамандии дурударози молиявӣ, қарзӣ, ҳамфаъолиятӣ ва саҳҳомӣ доранд.
Консорсиумҳо - шакли фаъолияти якҷояи як қатор ташкилотҳо ва бонкҳо мебошанд, ки дар асоси дастури якҷоя фаъолият карда, лоиҳаи калони маблағгузорӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ, экологиро доранд, ки сармояи молиявию иқтисодиро талаб мекунад.
Гурӯҳҳои шартномавӣ - дар асоси шартномаҳои дарозмуддати иштироккунандагони он, аксар мавриди шартномаи байни корхонаҳое, ки як занҷири истеҳсолӣ, ё сикли молиро иҷро мекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо