Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Моҳияти иттиҳодияҳо дар дараҷаи макроиқтисодӣ гуфта, ба шакли расмӣ қабул намудани нақши иттиҳодияҳо дар амалӣ кардани сиёсати давлатии иқтисодӣ, баҳисобгирии мавқеъ ва функцияҳои звенаҳои иттиҳодиягӣ дар қарорҳои умумидавлатӣ ва барномаҳои ҳукуматиро меноманд. Дар навбати худ равандҳои асосии инкишофи давлатӣ бояд, ки нишонагирии стратегии иттиҳодияҳо бошанд. Моҳият, шароитҳо ва хусусиятҳои иттиҳодияҳоро дар санадҳо, қонуниятҳо, фишангҳои танзими давлатӣ, назорати он дохил намоянд.

Яке аз хусусияти махсуси идоракунии иттиҳодиягӣ таъмин намудани ахбори озоди табақаҳои иттиҳодиягӣ буда, кушоду равшан гузаронидани фаъолиятҳо, харидуфурӯши объектҳои калонҳаҷм имкон медиҳанд, ки боварии ҷамъият ба иттиҳодияҳо ва давлат зиёд шуда, рақобати озоди бозорӣ ташкил карда мешавад. Яъне давлат бояд, ки усули тақсимбандиро дар танзими давлатии фаъолияти иттиҳодиягӣ дошта, вобаста аз моҳияти соҳа ва хислати фаъолияти иттиҳодиягӣ батанзимдарорӣ намояд.

Муттаҳид намудани қувваи иқтисодии иштироккунандагони иттиҳодияҳо, хислати мураккаб дошта, истифодаи хусусияти хоси молиявӣ ва соҳавӣ қоидаҳои ташкилии онҳо масъалаҳои зерини консептуалиро ба миён мегузоранд:

  1. Зарурияти мувофиқкунонии мақсадҳои иттиҳодияҳо ба мақсадҳои умумидавлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ.

  2. Таъмини самаранокии фаъолиятҳо ва алоқамандиҳо дар иҷрои вазифаҳо.

  3. Ба даст овардани баланси манфиатҳои моликиятдорон, менеҷерон, саҳҳомон ва коргарони иттиҳодияҳо.

  4. Баҳисобгирии хусусияти типологии сохторҳои иттиҳодиягӣ дар идоракунӣ.

Дар ҳар як соҳа ва минтақа иттиҳодия вазифа ва функцияҳои гуногунро иҷро мекунад. Таҷрибаи идоракунии ҳар як иттиҳодия гуногун мебошад.

Қоидаҳои асосии идоракунии иттиҳодиягӣ бисёртар аз мақсадҳое, ки дар назди иттиҳодия ва ташкилкунандагони он вобаста мебошад.

Идоракунии иттиҳодиягӣ бояд ягонагии фаъолият ва мақсаднокии сохтории онро таъмин намуда, барои иҷрои мақсади ягона хизмат намояд.

пешина
аз 512
навбатӣ