Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Самаранокии идоракунии иттиҳодияӣ аз фаҳмиши хусусияти типологии иттиҳодия вобаста мебошад. Аксар маврид бо сифати гурӯҳбандии аввала дараҷаи назорати моликиятӣ гирифта мешавад. Аммо дигар аломатҳои зеринро барои дарёфти самаранокӣ ба инобат гирифтан зарур мебошад:

❖ дараҷаи асосноккунии ташкилӣ ва самаранокии оянда;

❖ дараҷаи иштирок дар сармояи иттиҳодия;

❖ мақоми давлат дар ташкили иттиҳодия;

❖ хусусияти хоси мақсадгузорӣ ва нишонагирӣ ба натиҷаи охирон;

❖ усули таъминоти захиравӣ;

❖ мавҷудияти корхонаҳои пешво дар иттиҳодия;

❖ ҳаҷми сармояи умумӣ барои ташкили иттиҳодия;

❖ дараҷаи коркард ва амалӣ гардонидани баҳамойии идоракунии иттиҳодиягӣ.

Қоидаи асосии коркарди таъминоти самаранокии алгоритмии сохтори иттиҳодиягӣ ин комплексӣ будан, рӯйбардор аз дигар мамлакат набудан ва мувофиқат ба шароити ҳаётии минтақа ва давлат мебошад. Ин нишондиҳанда дар асоси як қатор талаботҳо ба даст оварда мешавад:

  1. Баҳои самаранокии сохтори баҳамойии иттиҳодияӣ бояд хусусияти фаъолияти ҳамаи гурӯҳҳои иштироккунандагонро ба инобат гирифта шуда бошад.

  2. Назардошти омилҳои дохила ва берунаи иттиҳод, ки ба саманокӣ таъсир мерасонанд.

  3. Дида баромадани самаранокии тамоми намуди фаъолиятҳои иттиҳодиявии иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ғайра.

Таҳлили ҷараёни самаранокии алоқамандии баҳамойиро аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин муайян кардан мумкин мебошад:

  1. Қарори идоракунӣ бояд, ки дар асоси таҳлили самаранокии иттиҳодия такя намояд.

  2. Мақсад иборат аз гирифтани ахбор оид ба натиҷаи фаъолияти иттиҳодӣ. Таҳлили фаъолияти сохтори баҳамойӣ чунин бояд сурат гирад:

  3. Зиёд шудани ҳаҷм ва сохтори маблағгузорӣ дар сектори иттиҳодияҳои саноатӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ