Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

ҳозира миқдори зиёди олимони соҳаҳои гуногун, роҳбарон ва таҷрибадорон кор карда истодаанд.

Асосгузори тадқиқотҳои илмӣ доир ба функцияҳои асосии менеҷер дар менеҷмент Анри Файол мебошад.

Дар давоми 60 соли таҷрибаи корӣ (1860 - 1916) Анри Файол на танҳо таҷрибаашро ҷамъбаст карда ба системаи муайян даровард, балки таҷрибаи пешқадами менеҷментро дар тӯли ин солҳо омӯхта ташаккул додааст, ки то имрӯз барои зинаи олии идоракунӣ ҳамчун илми замонавӣ муҳим истифода карда мешавад.

А. Файол исбот намуд, ки усулҳое, ки ӯ пешниҳод намудааст, на танҳо барои иқтисодиёт, балки барои системаҳои гуногуни ташкилотҳо, аз он ҷумла барои системаҳои ҳукуматӣ, ҳарбӣ ва дигарон зарур буда, онҳо хислати универсалии ҳамаҷониба доранд.

Китоби А. Файол “Идоракунии умумӣ ва саноат” ҳанӯз соли 1916 дар Фаронса чоп шуда бошад ҳам, то замони мо, ҳамчун китоби методӣ мақоми хосса дорад.

Ба ақидаи А. Файол тамоми фаъолиятҳое, ки дар ташкилот ба вуҷуд меоянд, ба шаш гурӯҳ ҷудо мекунад:

техникӣ, тиҷоратӣ, амалиётӣ, суғуртавӣ, баҳисобгирӣ ва маъмурӣ.

Анри Файол менависад, ки асоси фаъолияти маъмурии органи идораи олии идоракунӣ, ба монандӣ тамоми “аҳроми” роҳбарӣ ин коркарди барномаҳои умумии корхона дар шакли интихоби қувваи коргарӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамаи қувваҳо ва танзими фаъолияти ташкилотҳо мебошад. Чунин як фаъолият зарурияти функцияи уҳдадоронро ба миён меорад, ки онро идоракунӣ меноманд.
Ба ҳайати идоракунӣ, инчунин, дар замони ҳозира пешгӯӣ, ё худ ояндабинӣ низ дохил мешаванд, ки ҳамчун функцияҳои асосии менеҷерон омӯхта мешавад.

Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки маҳз А. Файол муаллифи муайян кардани мазмуни асосии функцияи менеҷерон мебошад, ки ҳамчун идоракунӣ муайян шудаанд. Идоракунӣ аз қисмҳои зайл иборат мебошанд:
ояндабинӣ, ташкилӣ, тартиботӣ - ҳукмдиҳандагӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорат. Аз рӯи ақидаи А. Файол фаъолияти маъмурӣ дар ҷамъи фаъолияти роҳбарон

пешина
аз 512
навбатӣ