Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар китоби мазкур шояд, мо ҳамаи тарафҳои менеҷментро фаро гирифта натавонем. Бинобар ин ба мақсад мувофиқ он аст, ки агар дар атрофи ҳамон қисматҳо фикру андеша ронем, ки менеҷменти имрӯзаи мо онро фаро мегирад.
Менеҷмент ҳамчун самти махсуси илм замоне пайдо гашт, ки усулҳои илмиро дар амал ҳамчун фаъолияти муайяни ташкилию функционалӣ истифода намудаанд. Мисол, соли 1914 Ф. Тейлор дар китобаш «Қоидаҳои менеҷменти илмӣ» менависад, ки «Менеҷмент худ илми ҳақиқие мебошад, ки дар асоси қонунҳо, қоидаҳо ва қоидаҳо ба вуҷуд омадааст. Маҳз барои ҳамин ҳам вай дар тамоми намудҳои фаъолияти инсонӣ истифода карда мешавад ва агар ин қонунҳо ва қоидаҳо дуруст истифода карда шаванд, он гоҳ натиҷаҳои мафтункунанда медиҳанд». Тамоми таърихи инкишофи менеҷмент чунин як ақидаи олии ҳақиқатро исбот намудааст:
І Исбот карда шудааст, ки менеҷменти замонавӣ — ягонагии ҷудонашавандаи усулҳои илмию амалӣ мебошад, ки имконоти баланд бардоштани самараи фаъолияти мақсадноки ташкилотҳоро таъмин менамояд.
Менеҷмент — пеш аз ҳама нақши ҳамоҳангсозии захираҳои инсонӣ бо дигар захираҳо бо мақсади ҳалли вазифаҳои ташкилотҳоро мебозад.
Вобаста ба инкишофи имрӯзаи тиҷорати ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байнидавлатии тиҷоратӣ ба ақидаи аксари мактабҳои менеҷмент «менеҷменти тиҷорати хориҷӣ» пайдо шудааст.
Дар асри ХІХ инкишофи истеҳсолоти мошинӣ тараққиёти илмию техникӣ ба миён омад, ки сабаби асосии технологикунонии ҷараёни идоракунии истеҳсолот гардид.
Дар саноат ду масъалаи бо якдигар мувозӣ пайдо шуданд:
- Инкишофи самараноки иқтисодӣ бе истифодаи оқилонаи вақти корӣ ва захираҳои мавҷуда ғайриимкон гашт.
- Чунин инкишоф ва самаранокии фаъолияти истеҳсолӣ бе миқдори зарурии роҳбарони идоравие, ки қобилияти баланди касбию кордонӣ доранд, ғайриимкон мебошад.
Маълум аст, ки роҳҳои ҳалли ин масоил дар тӯли зиёда аз 100 сол ба дараҷаи олии худ расидааст. Барои омӯзиши ин масоил дар замони гузашта ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё