Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Шароити психологии меҳнат ин муҳити маънавии коллективҳои меҳнатӣ, хислати муносибатҳои байни коргарон ва роҳбарии корхона мебошад.

  2. Шароити этикӣ ва зебоишиносии меҳнат - ташкили шароити меҳнатӣ дар корхонаҳо ба меъёрҳои баланди этикӣ ва зебоишиносӣ бояд мувофиқат намоянд. Тозагӣ ва зебогии шароити корӣ бояд чунин ташкил карда шавад, ки барои инкишофи босуботи башарӣ кӯмак расонанд. Яъне коргарон дар давоми вақте, ки дар корхона кор мекунанд, маънан сарватманд гашта, барои таъмини талаботҳои зинаҳои 3 ва 4-уми худ, яъне худтасдиқкунӣ ва худшиносӣ бирасанд.

Роҳбарони табақаи поёнии менеҷмент дар вақти ташкили шароити кории истеҳсолӣ дар ҳавои кушод бояд пеш аз ҳама бехатарии меҳнат, ҳолати санитарию эпидемиологиро таъмин созанд. Барои иҷрои ин талаботҳо дар шакли даврагӣ гузаронидани роҳнамоӣ оид ба техникии бехатарӣ, ҳолатҳои санитарӣ, техникии зиддисӯхторӣ ва дигар унсурҳои муҳофизати меҳнат гузаронида мешаванд.

23.4. Ташкили идоракунии захираҳо ва дигаргунсозии стратегияи ташкилотҳо

Қисми зиёди фаъолияти менеҷменти истеҳсолиро идоракунии захираҳо ташкил медиҳад.

Захираҳо — молҳое, ки ташкилотҳо ҳамеша бо мақсади таъмини ҷараёни истеҳсолӣ, барои ба таври нақд дар даст доштан ҳаракат мекунанд. Се шакли захираҳоро ҷудо мекунанд, чун молҳои тайёр дар анбор, молҳои нимтайёри ҷараёни истеҳсолӣ ва ашёи хому мавод.

Захираи молҳои тайёр — маҳсулоте, ки пурра ҷараёни истеҳсолиро гузашта, вале то ҳол ба савдо нарафта мебошад. Мисол, автомобилҳои нав дар майдончаи корхона, қуттиҳои обҳои нӯшокӣ дар анбор ва ғайра.

Захираҳои истеҳсолоти нотамом, иборат аз мавод ва ҷузъҳои комплектие, ки як давраи истеҳсолиро гузашта, ҳанӯз маҳсулоти тайёр нестанд. Мисол қисмҳои алоҳидаи автомобил барои корхонаи автомобилсозӣ аз қабили дар, тиреза, чархи мошин, аккумулятор, двигател, ки аз дигар ҷой оварда шудаанд.

пешина
аз 512
навбатӣ