Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Захираҳои моддӣ ва ашёи хом, қисми асосии захираҳои корхонаро ташкил дода, аз ҳама захираҳои арзон аст, чунки корхона ҳанӯз хароҷоти иловагӣ сарф накардааст.
Идоракунии захираҳо барои ташкилотҳо моҳияти калон доранд, чунки нигоҳдории маҳсулоти тайёр дар анборҳо хеле ҷараёни мушкил буда, маблағҳои калонро ташкил мекунанд. Аз тарафи дигар кофта ёфтан ва таъмини бетанаффуси ҷараёни технологии корхона кори мураккаб мебошад.
Чанд сол пеш фаъолияти фирмаҳоро аз рӯи мавҷудияти захираҳои мавҷуда баҳо медоданд, акнун бошад корхонаҳо дар он ақидаанд, ки онҳо фаъолони ғайримаҳсулдеҳ буда, бояд, ки то ҳадди ниҳоӣ кам карда шаванд ва мӯҳлати гардиши онҳо низ хеле кӯтоҳ карда шудаанд. Алоқамандии байни захираҳо ва нархгузории рақобатнок пайдо гаштааст. Ташкили системаи хуб ва бо ахбор таъмин будани идоракунӣ имкон медиҳад, ки оид ба ҳаракати захираҳо назорати қатъӣ ҷорӣ намоем. Имконоти захираи зиёдатӣ қариб аз байн меравад.
Модели ҷопонии муносибат ба захираҳо чунин мебошанд, ки онҳо сангҳои зери баҳрӣ мебошанд, чӣ қадаре ки об баланд бошад, сангҳо ба қаиқрон халал намемерасонанд, вагарна баръакс менеҷер онҳоро дида доимо андешаи ҳалли масоилҳои онро мекунад. Бинобар ин яке аз вазифаҳои муҳими менеҷмент ташкили ҳадди ниҳоии захираҳо дар корхона мебошад.
Мутахассиси варзида оид ба идоракунии захираҳо Эд Ҳард чунин ақидаро пешниҳод мекунад: Ченаки асосии баҳои самараноки фаъолияти истеҳсолӣ - ин захираҳо мебошанд. Агар онҳо зиёд бошанд, маълум мегардад, ки шумо он қадар хуб кор накардаед. Ҳар як фаъолият ва ҳар гардиши чархак ба ҳаҷми захираҳо таъсири худро мерасонад. Ҳам мавод ва ҳам молҳои тайёр бояд, ки бо миқдори муайян, дар вақти муайян вуҷуд дошта бошанд. Аз ҳад зиёд ва аз ҳад тез маънои онро дорад, ки дар ин соҳа маблағгузорӣ ҳайф шудааст. Ё худ аз ҳад зиёд, кам, ё аз ҳад дер ҳолатест, ки корхона захираи иловагӣ сарф мекунад. Бинобар ин идоракунии захираҳо хусусияти махсуси худро дорад, яъне таъмини ҳаҷми иқтисодии захираҳо, банақшагирии талабот ба мавод, банақшагирии захираҳои истеҳсолӣ ва ташкили системи молтаъминкунии «аниқу саривақт».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо