Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Қарори аввалии кам кардани захираҳо ин вобаста аз теъдоди ҳадди ниҳоии фармоишот муайян карда мешавад. Яке аз усули инкишофёфта • ин формураи ҳаҷми сарфакоронаи фармоиш мебошад, яъне аз рӯи ҳисоби хароҷотҳои камтарин барои нигоҳдории захираҳо. Хароҷоти фармоиш ва нигоҳдорӣ - ин хароҷотҳои қабули бор ва нигоҳдории он то истеҳсолот. Мӯҳлати самараноки фармоиш то 3 рӯз муайян шудааст. Захираҳои молҳои тайёр, ашёҳо ва молҳои нимтайёр бояд, ки дар муддати се шабонарӯз ба ҷараёни истеҳсолот дода шаванд.

Ҳалли ин масъаларо аслан менеҷмент бо роҳи банақшагирии талабот бо мавод иҷро мекунанд. Доир ба ҳар як намуди мол ва мавод ҷадвали ҳаракат тартиб дода мешавад ва пурра зери назорати менеҷменти истеҳсолӣ мебошад. Ин ҷараёни мураккаб буда, нишондиҳандаҳои ҷои мавҷудбудаи захира, боркашонӣ, тарзи харидорӣ, борбарорӣ - борфурорӣ, тартиб додаи ҳуҷҷатҳо ва ғайра пурра ба нақша гирифта мешавад.

Банақшагирии захираҳои истеҳсолӣ (БЗИ) яке аз равандҳои асосии идоракунии захираҳо ба ҳисоб рафта, фаъолияти ташкилотро пурра дар бар мегирад.

Мақсади банақшагирии захираҳои истеҳсолӣ муайян кардани назорат дорои ба истифодабарии тамоми захираҳо мебошад. БЗИ — ин ташкили модели соҳибкорӣ, ки ба роҳбарияти корхона имкони назорати нақшаи тақвимии истеҳсолот, воситаҳои пулӣ, захираҳои башарӣ, истифодаи қудратҳои истеҳсолӣ, тақсимоти маҳсулот ва харидорнии маводҳоро медиҳад.

БЗИ - инчунин ҳолати маркетингии корхона ва таъминоти муҳандисию техникиро, имконоти истифодаи ахбори молиявиро таъмин месозад. Варианти идеалие, ки имрӯзҳо дар аксари компанияҳои калонтарини дунё истифода карда мешаванд, барномаҳои компютерии ахборӣ буда, хеле самаранок низ мебошанд. БЗИ - мақоми асосиро барои табақаи олии менеҷмент, барои банақшагирии стратегӣ мебозад. Барнома ва унсурҳои БЗИ - хеле мураккаб мебошанд, бинобар ин аслан дар корхонаҳои калон истифода карда мешаванд. Дар забони иқтисодӣ БЗИ-ро базаи нақшавӣ, базаи моддӣ, техника ва фурӯши мол низ мегӯянд. Яъне муайян кардани талаботҳо ба ашёи хом ва материалҳо, ояндабинии

пешина
аз 512
навбатӣ