Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Аз рӯи ақидаи рӯҳшиноси бузурги олмонии асри XX К. Левин, ба ташкилотҳо қувваҳое таъсир мерасонанд, ки корхонаро ба дигаргунсозӣ маҷбур месозанд. Ин яъне кам шудани ҳаҷми фурӯши молҳо, паст шудани сифати мол, зиёд шудани хароҷотҳо, малакаи касбӣ надоштани менеҷерон, мавҷуд набудани ҳавасмандӣ ва косташавии ҳокимияти роҳбарии ташкилот.
Дигаргунсозиҳое, ки дар ташкилотҳо ба вуҷуд меоянд аз нуқтаҳои назари гуногун ва моҳият ҳархела мебошанд.
-
Дигаргунсозиҳо мешаванд нақшавӣ ва ғайринақшавӣ. Дар шароити нақшавӣ дигаргунсозӣ дар нақшаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат нишон дода шуда, оҳиста-оҳиста ба амал бароварда мешаванд. Ҳолати ғайринақшавӣ бошад, дар шароити тағйир ёфтани ҳолатҳои бозор, пайдоиши навоварии куллӣ, беқурбшавии пулӣ ва истеҳсолӣ дида мешавад.
-
Дигаргунсозӣ вобаста аз дараҷаи инкишоф самараноки рушдкунанда ва инқилобӣ мешавад. Аксар маврид роҳи инқилобӣ ба тамоман нобуд шудани корхона ва ҳолати парокандагӣ меорад.
-
Вобаста аз дараҷаи таъсир дигаргунсозиҳо куллӣ, якмаротибавӣ ва бисёрузинагӣ мешаванд.
-
Вобаста аз мақсадҳо дигаргунсозиҳо мешаванд стратегӣ ва тактикӣ. Аз рӯи равияашон мешаванд, пешраванда ва пастраванда.
Ду варианти мантиқии дигаргунсозӣ ҷудо карда мешаванд:
-
Асосноккунии стратегӣ - дигаргунсозии сохторӣ, таъсиррасонӣ ба рафтори коргарон.
-
Тайёр намудани кормандон - дигаргунсозии сохторӣ - гузаштан ба стратегияи нав (махсусан қабули Ғарб мебошад).
Усулҳои зерини дигаргунсозӣ ҷудо карда мешаванд:
-
Технологӣ - дигаршавии сохтори корхона ва такмилёбии таҷҳизот.
-
Ташкилӣ - ташкили системаи нави меъёр ва нишондиҳандаҳои меъёрӣ, азнавсозии идоракунӣ.
-
Тарбиявю ташфиқотӣ - намоишҳо, ташвиқу тарғиботи дигаргунсозиҳо, боваркунонӣ ва фаҳмонда додани навовариҳо.
-
Маъмурӣ, бо роҳи зӯрӣ ва фармондиҳӣ.
-
Иқтисодӣ, ҳавасмандии моддӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо