Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Равандҳо ва усулҳои дигаргунсозӣ бояд ба якдигар чунин мувофиқ кунонида шаванд:

  1. Асоснокии моддии дигаргунсозӣ — мавҷуд будани захираҳо, пеш аз ҳама захираҳои молиявӣ, барои хароҷотҳои барҳам додани чизи кӯҳна ва сохтани чизи нав, ҳавасмандкунии ҳайати коргарон ва фаъолгардонии онҳо.

  2. Асоснокунии иҷтимоӣ-рӯҳӣ:
    ❖ дигаргунсозиро чун омили ҳаётан зарури инкишоф донистани аъзоёни ташкилот;
    ❖ мавҷуд будани муҳити хуби маънавӣ-психологии тайёр будан ба дигаргунсозӣ;
    ❖ ташаккули системаи арзишҳои нав, ки ба коргарон наздик мебошанд.

  3. Яке аз раванди асоснокии ташкили дигаргунсозӣ, ин муайян будани мақсадҳои аниқ, стратегия ва тактикаи дигаргунсозиҳо, ташкили дурусти системаи мотивасия, ки ҳавасмандкунии коргаронро таъмин намояд мубориза бо бюрократизм бошад.

  4. Дигар раванд, ин асоснокии ташхиси муҳити дохила ва беруна мебошад. Дигаргунсозӣ бояд, ки пурра ва ҳаматарафа таҳлили ҳамаҷонибаи омилҳои дохила ва берунаро дошта бошад. Бахусус ҷанбаҳои таърихии инкишофи корхона, сабабҳои бурдҳо ва ноомадҳо бояд омӯхта шаванд.

  5. Асоснокии ахбории дигаргунсозӣ, ин ташаккули бахшҳои хуби коммуникатсионӣ, ки имкони гирифтани ахбори саривақтии маълумот дар бораи ҳолатҳо, таъби одамон, ҳайати коргарон, рафтори рақибон.

  6. Асоснокунии дигаргунсозиҳои алоқа ба одамон. Яъне дар вақти дигаргунсозӣ бояд ҳамаи аъзоёни корхона фаъолона иштирок намоянд. Махсусан боз шахсоне, ки ин ақидаҳоро дастгирӣ менамоянд ва пешниҳод намудаанд. Инчунин онҳо тайёр ҳастанд, ки ба таваккал бираванд. Дар сари вақт омӯзонидани онҳо барои дигаргунсозӣ, халос шудан аз одамоне, ки ин ҷараёнро халал мерасонанд, ё монеагӣ мекунанд.

  7. Асосноккунии боварӣ ба ояндаи хуби одамон аз натиҷаи дигаргунсозӣ. Пеш аз ҳама аниқ намудани самаранокии дигаргунсозӣ ва андозаи самаранокӣ ва ғайра.

пешина
аз 512
навбатӣ