Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Дигаргунсозиро бе пешвои боқувват ташкил кардан номумкин мебошад, пешвоён зарурияти дигаргунсозиро пештар дарк мекунанд. Чунин пешвоён метавонанд аз дохили ташкилот бошанд, метавонад шахси беруна бошад, ки дониш, таҷриба, қувва, боварӣ ба беҳбудии муваффақиятҳо.

Саҳми бузург дар назарияи дигаргунсозии ташкилотҳо равоншиноси олмонӣ К. Левин ва дигар олимон чун Ф. Котлер, Р. Шлезингер, Р. Кантор, В. Кинном, Д. Данфи, Т. Каммингсом ва дигарон гузоштанд.

Асоси назарияи К. Левинро концепсияи бонавбат, ё худ даврабадаваран дигаргунсозии рӯҳии муҳити атроф, хислатҳои устувори фикрронӣ ва ҳаракат, ки дар одамон дар натиҷаи таъсири технологӣ пайдо мешавад, инчунин сиёсати ташкилӣ ва маданӣ созмон медиҳад. Назарияи ғарбӣ чунин мешуморад, ки дар давраи якуми стратегияи дигаргунсозиҳо бояд «боздошта» ва мубориза ба монеаҳои он ва дуюм бевосита оғоз намудани дигаргунсозӣ мебошад. Аслан дигаргунсозиҳоро аз сохторҳои таркибӣ ва баъд пурра дар тамоми ташкилот гузаронидан мумкин аст.

Омилҳои асосии муваффақиятҳои дигаргунсозиҳо аз нигоҳи тадқиқотчиёни ғарбӣ инҳо мебошанд:

  1. Масъалагузории аниқ.
  2. Ҳаҷми воқеии дигаргунсозӣ.
  3. Тақсим кардани ахбор.
  4. Стратегия ва тактикаи мувофиқ.
  5. Ҷадвали аниқ ва иштироки коргарон.
  6. Дастгирии гурӯҳҳои таъсиррасон.
  7. Истифодаи таҷрибаи дигарон.
  8. Баҳомонии усулҳои нав бо анъанавӣ.

23.5. Менеҷменти оқилонаи фаъолияти ташкилотҳо

Роҳбарии оқилона, яке аз функцияҳои асосии менеҷерони ташкилотҳо ба шумор рафта, ташкили корро бевосита бо мақсади иҷрои нақшаи корхона равона месозад.

пешина
аз 512
навбатӣ