Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
суръати иҷрои фаъолиятҳо, соддагии маҳсулот, универсалӣ, пешраванда ва дигар нишонҳои стандартӣ муайян карда мешавад.
- Эргономикӣ - нишондиҳандаи сифати мувофиқ омадани талаботи объект ба истифодабарии он. Нишондиҳандаҳои эргономикӣ мешаванд:
беҳдошт - яъне, тозагӣ, ҳарорат, фишор, майдони магнитӣ, лағжиш ва ғайра;
антропометрӣ - мувофиқ омадани маҳсулот ба меъёрҳои талаботи одамон;
физиологӣ ва рӯҳӣ-физиологӣ - таъсир ба организми одамон;
рӯҳӣ - суръати қабули коркарди ахбор, ҳаҷм ва ғайра.
-
Эстетикӣ - дараҷаи таъсири мусбии маҳсулот ба ҳисси одамон, яъне рангу бор, шакли молӣ, намуди зоҳирӣ ва ғайра.
-
Нақлиётҷӯй - сабук ва ҷобаҷошавӣ.
-
Ҳуқуқи патентӣ - ҳуқуқи муаллиф, иҷозатнома ва патент доштани мол.
-
Экологӣ - кампартов, таъсири манфӣ надоштан ба одаму табиат.
-
Бехатарӣ - боқувватии конструкция.
-
Нишондиҳандаи арзонӣ - ба талаботи аксарият мувофиқ.
-
Нишондиҳандаҳои истифодабарӣ - яъне сарфакорӣ, дараҷаи техникӣ, эътиборнокӣ, стандартӣ ва ғайра.
Дар нишондиҳандаи стандартӣ меъёр, ченак, ё худ намуна бо қисмҳои гуногун талабот ба маҳсулот, оид ба бехатарӣ, қулай будан, ивазшавандагӣ ва дигар нишонҳои ба истеъмол мувофиқ нишон дода мешавад. Ин нишондиҳанда ҳам дар шакли мутлақ ва ҳудудӣ дода мешавад. Ҳамин тариқ, маълум гардид, ки сифат якчанд тараф чун: техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайраро доштааст.
Ташкили хизматрасонӣ ба сифат чунин имконотҳоро медиҳад:
пурқувватӣ ва машҳурии ташкилот;
арзандагии он;
имконпазирӣ барои аксари харидорон;
таъмини истеъмолкунанда ба тамоми ахбори зарурӣ.
Сифати идоракунӣ - аз рӯи маданият, маҳорати касбии коргарон, инкишофи ахбори технологӣ, муҳити психологию маънавӣ муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо