Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сифати баланди маҳсулот ва хизматрасониҳои идоракунӣ ба истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда самаранокии калони иқтисодию иқтисодию — маънавӣ меорад, бинобар ин ба сифат диққати махсус дода мешавад.

Барои нигоҳ доштан ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, кор ва хизматҳо хароҷотҳои зиёди зерин зарур мебошад:

❖ хароҷотҳои пешгирӣ — таъмини истеҳсолоти бенуқсон. Яъне хароҷотҳо барои банақшагирӣ, дигаргунсозӣ ва омӯзиши коргарон.

❖ хароҷотҳои ахборӣ — яъне оид ба назорат, санҷиш, истифодабарӣ, лабораторияҳо ва ғайра.

❖ хароҷоти бартараф кардани нуқсоне, ки дар корхона муайян шудааст ва ҳамчунин аз тарафи истеъмолкунанда муайян шудааст. Дар баробари сифати пасти маҳсулот боз хароҷотҳои иловагӣ нархи молро хоҳ нохоҳ баланд мекунад.

Арзишҳои мувофиқаткунанда — доир ба сифат:

❖ барои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат;

❖ барои идоракунӣ ва назорати сифати мол.

Арзиши номувофиқ ба сифат, яъне хароҷотҳои вобаста ба нуқсонҳои мол:

❖ хароҷотҳои истеҳсолӣ, яъне барои ислоҳи нуқсон, ё аз нав кардани маҳсулот;

❖ хароҷотҳои соҳаи истеъмолот, яъне хароҷоти таъмир, хизматҳои техникӣ дар давраи кафолат.

Дар асоси баланд бардоштани сифати мол қисме аз ин хароҷотҳоро мумкин аст, ки сарфа намоем ва ҳаҷми фоида ва даромаднокиро боло бардорем.

Барои кам кардани хароҷотҳои таъмини сифати баланди маҳсулот зарур мебошад:

❖ ҳар як қисмҳои хароҷотҳоро самаранок истифода кардан;

❖ оптималикунонии сохтори ташкили идоракунӣ ва истеҳсолӣ;

❖ таъминкунонии бо ҳам мувофиқ омадани нарх ва сифати маҳсулот;

❖ беҳтар кардани дараҷаи технологии истеҳсол, истифодаи технологияи баланди замонавӣ.

Дар системаи иҷтимоию иқтисодӣ гурӯҳи сифат ҳамчунин муайянкунандаи сифати меҳнатӣ, фаъолияти истеҳсол ва сифати мол баромад мекунад. Ҳамаи

пешина
аз 512
навбатӣ