Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ба тарзи дигар идоракунии сифат барои таъмин ва беҳтар кардани он равона карда шудааст.
Ин нишонагирии кори корхона, ҳар як коргар ва молтаъминкунандагон ва истеъмолкунандагон мебошанд.
Унсурҳои асосии идоракунии сифат инҳо мебошанд:
-
Банақшагирӣ - муайян кардани мақсадҳо, стратегияи стандарт ва талаботҳо, коркарди усулҳо, барномаи сифат ва ғайра.
-
Идоракунии ҷории сифат - бо мақсади муайян кардани талаботҳо ба сифати маҳсулот, яъне назорат, санҷиш, рафтори ташкилӣ ва техникӣ, ҳавасмандӣ ва ғайра.
-
Таъмини сифат - ташкили системаи дохилӣ ва берунаи сифат ва кафолати он.
-
Беҳтар кардани сифат.
-
Мубориза ба муқобили вайронкунандагони сифат.
Мақсадҳои аниқи идоракунии сифат инҳо мебошанд:
таъминоти ҳадди баланди талаботи истеъмолкунанда ва ҳимояи он аз
маҳсулоти нуқсондор;
нигоҳдорӣ ва баландбардории эътибори ташкилот;
пешгирии нуқсон ва кам кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ;
ба даст овардани дараҷаи баланди истеҳсоли маҳсулот;
барпо сохтани шароит барои азхуд кардани шакли нави мол аз рӯи қоидаҳои нав.
Қоидаҳои замонавии идоракунии сифати маҳсулот инҳо мебошанд:
-
Усули системавӣ, ки ҳалли масоили на фақат техникӣ, балки равандҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, рӯҳиро дар тамоми давраҳои силсилавии ҳаётии мол нишон медиҳад.
-
Мубаддал гардонидани идоракунии сифат ба унсури сиёсати стратегии ташкилот ва ташаккули талаботи қатъии сифат, дар ҳамаи табақаҳои идоракунӣ.
-
Доимо беҳтар кардани технологияи истеҳсолот, дигаргун сохтани сохтори ташкилӣ, аз он ҷумла ташкили хизматҳои махсусе, ки ба он ҷавоб мегӯянд.
-
Нишонгирӣ ба истеъмолкунанда, алоқамандии зич бо молтаъминкунандагон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо