Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Таъмини сифати баланди маҳсулот баробари паст кардани хароҷот.

  2. Ҷалб намудани тамоми коргарон барои баланд бардоштани сифати маҳсулот, омӯзиши бетанаффуси коргарон. Дар ширкатҳои хориҷӣ то 7 - ҳафта дар як сол берун аз истеҳсолот коргарон мехонанд ва боз аз аттестатсия мегузаранд.

  3. Таъсири сифат нафақат ба натиҷа, балки ба фаъолият, на ба назорат барои бартараф намудани ҳолатҳо ва нуқсонҳое, ки ба паст шудани сифат оварда мерасонанд.

Идоракунии сифат дар давраҳои инкишофи худ чанд давраро аз сар гузаронидааст:

Давраи якум, иҷрои идоракунии сифат аз тарафи соҳиби дукони касбӣ бурда мешавад;

Давраи дуюм, нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX-ро дар бар гирифта, назорати устоҳои касбӣ, супоридани сифатро дар бар мегирад;

Давраи сеюм, давраи коргоҳии сифат (нимаи аввали асри XX) ба ивази назорати идоракунии сифат бо нарх пайдо мегардад ва нафақат натиҷа, балки ҷараёнҳои технологӣ низ ҳамроҳ мешаванд. Ин вазифа бо роҳи муайян кардани сабабҳои вайрон кардани сифати мол, коркард ва роҳҳои бартараф кардани он низ татбиқ мешавад.

Якумин шуда идоракунии сифат аз тарафи Ф. Тейлор қабул карда шудааст. Тейлор аллакай талаботҳо ва усулҳои ҷазоро кор карда баромад. Вазифаи инспектор - нозирро ҷорӣ карда, барои нуқсони мол ё кор ҷарима ситонида коргаронро аз кор озод мекарданд.

Баъдтар маълум гашт, ки ҷараёни сифатро идора бояд намуд. Г.Форд ба ҷои назоратчии дохилшаванда, назоратчии барояндаро низ дар раванди истеҳсолот гузошт.

Дар собиқ шӯравӣ дар қабули маҳсулот шӯъбаи назорати техникӣ (ОТК) иштирок мекард, ки солҳои 20-уми асри XX ташкил карда шуда буданд.

Давраи чорум (солҳои 30-юми асри XX) шӯъбаҳои алоҳидаи аудит пайдо гаштаанд, ки фақат ба роҳбари аввал итоат мекарданд.

Барои ҳалли вазифаҳои гузошташуда ин шӯъбаҳо чунин корҳоро мекарданд:

пешина
аз 512
навбатӣ