Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соли 1987 Системаи стандартҳои байналхалқии сифат ИСО-9000 пайдо шуд, ки аксар мамлакатҳо қабул намудаанд.

Комплекси ИСО-9000 аз 7 стандарт иборат мебошад, ки талаботҳои доир ба сифатро дар тамоми ҷараёни ҳаётии маҳсулот ба танзим медарорад.
Асоси концептуалии ИСО-9000 ташкили ҷараёни ташаккул додан, таъмин кардан ва беҳтар намудани сифати маҳсулот бо роҳбарии мутахассиси масъул мебошад.

Стандартҳои ИСО-9000 барои доимо беҳтар кардани ҷараёнҳои технологӣ ва сифати маҳсулот шароит фароҳам меоранд.

Ин шароитҳо чунинанд:
❖ барҳам додани истеҳсол ва аз байн бурдани истеъмоли маҳсулоти бесифат; ❖ ташкили шароити мунтазам барои баландбардории сифати молҳо ва хизматҳо, бо мақсади таъмин намудани талаботҳои ҷорӣ ва пешрафти одамон; ❖ сертификатсияи системаи сифат дар корхона; ❖ баҳои молтаъминкунанда.

Системаи ИСО-9000 чунин унсурҳоро дар бар мегирад:

  1. Стандартҳои умумӣ, ки талаботҳои умумиро барои ҳамаи намуди маҳсулотҳо муайян месозад, молҳо бояд ҷавобгӯи чунин талаботҳо бошанд:
    ❖ талаботи ҷамъият ва мақсаднокӣ; ❖ сертификатҳо ва шароити техникии истеҳсолот ва истифодабарӣ; ❖ талаботҳои қонунӣ ва дигар талаботҳо; ❖ вазифаҳои муҳофизати муҳити зист; ❖ шароити сарфакорӣ, самараноку мувофиқи қабул аз рӯи нарх.
  2. Стандартҳо тавсифи базавии сифати молро аз қабили ба талабот ҷавобгӯ будан, дилпур, рақобатнок ва аз тафтиши аудит гузаштани онҳоро нишон медиҳанд.
  3. Дастурҳои методиро доир ба идоракунии сифат (нақша ва барномаҳо, усули тақсимот ва ҷавобгарии фардӣ) медиҳанд.
пешина
аз 512
навбатӣ