Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар асоси стандартҳои ИСО-9000 системаи идоракунии сифати маҳсулот сохта шудааст, ки аз унсурҳои зерин иборат мебошад:
-
Сиёсати умумиширкатӣ дар соҳаи сифат ва танзимдаркорӣ:
❖ талабот ба тамоми соҳаҳо ва объектҳо;
❖ коркард ва ҷорӣ намудани стратегияи сифат;
❖ соҳаи масъулиятнокии шахсони алоҳида;
❖ роҳҳои сохтани сохторҳои ташкилӣ;
❖ ба тамоми коргарон расонидани сиёсати сифат; -
Материалҳои методӣ, чорабиниҳо ва технологияи таъминоти сифат.
-
Инструксияҳои корӣ, қоида ва ҳаракатҳо.
Идоракунии стратегӣ мувофиқи стандарти ИСО-9000 гузаронида мешавад, муайян кардани сиёсат ва ҷавобгарӣ дар соҳаи сифат, мақсад, банақшагирӣ, барномаи сифат, ҳуҷҷатҳои марбути танзимсозии чорабиниҳоро дар фаъолият фаро мегирад.
Идоракунии оқилонаи сифат ин назорат ва идоракунии оқилонаи сифати маҳсулот, талаботҳо ба он, ташкили меҳнат ва бартараф намудани сабабҳои қаноатманд набудани ташкили функционалии ин соҳаро фаро мегирад.
Ба механизми идоракунии оқилонаи сифат дохил мешаванд:
❖ мониторинги доимии омилҳои техникӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки ба сифат таъсир мерасонанд, муайян кардани фарқият аз талаботҳои стандарти ИСО-9000; ❖ танзимдарории зарурии фаъолияти ширкат, ки барои кам кардани нуқсон, ё бартараф кардани он равона карда шудаанд; ❖ масъулиятнокӣ ба зимаи роҳбарон гузошта мешавад.
Дар натиҷа истеъмолкунанда доимо маҳсулоти босифати дилхоҳро мегирад, ташкилот бошад самаранокии истифодабарии захираҳоро таъмин месозад.
Дар солҳои 90-уми асри ХХ таъсири ҷамъият ба корхонаҳо зиёд шудаанд, корхонаҳо манфиати иҷтимоиро бисёртар ба инобат мегирифтанд. Дар натиҷа системаи стандарти ИСО-14000, ки талаботро дар системаи идоракунӣ аз тарафи муҳофизати муҳити зист ва бехатарии маҳсулот муайян месозад қабул карда шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо