Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Идоракунӣ, раванди таъсири маъмурияти корхона ба амалиёти мушаххас бо мақсади зиёд кардани фоида ва нигоҳ доштани сармояи худӣ мебошад. Асос барои қабул ва амалӣ гардонидани қарори идоракунӣ ин ахбори фаъолияти равандҳои гуногуни фаъолияти корхона мебошад.

Системаи ахбор аз як қатор зерсистемаҳои бо ҳам алоқаманди конструктивӣ, технологӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Зимни баҳисобгирии идоракунӣ асосан ахбори иқтисодӣ истифода карда мешаванд, ки аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ, меъёрӣ, молиявӣ, оморӣ, андозситонӣ, баҳисобгирии идоравӣ, чун маҷмуи ахборҳо иборат мебошад:

Баҳисобгирии идоракунӣ ин шакли муайянкардаи ташкили системаи ҷамъоварӣ, бақайдгирӣ, омӯзиш ва пешниҳоди ахбор аз фаъолияти хоҷагидории ташкилот ва сохторҳои вай барои таҳрезии нақша, назорат ва идоракунии ин фаъолиятро меноманд.

Ҷараёни ҷамъоварии ахбор дар бораи фаъолияти хоҷагидории ташкилот гуфта, ин муайян кардан, гурӯҳбандӣ, баҳо ва ченкунии фаъолиятҳои хоҷагӣ ва дигар ҳодисаҳои муҳими иқтисодиро бо мақсади дохил кардани онҳо дар системаи баҳисобгирии идоракунӣ меноманд.

Бақайдгирӣ гуфта, батартибдарорӣ ва пайдарпании фаъолиятҳои хоҷагидорӣ ва дигар ҳодисаҳои зарурии иқтисодиро дар ҳуҷҷатҳои аввала ва регистрҳо меноманд.

Дар ҷараёни таҳлили ахбор таркиби ахбор, гурӯҳи истифодабарандагон, алоқамандии нишондиҳандаҳо, вобастагии иқтисодии онҳо муайян карда мешаванд.

Ҷараёни тайёр кардан ва додани ахбор гуфта, пешниҳоди алоқаи мантиқии ахбори иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ахборҳоро, ки аз рӯи зарурот ба ахбори аналитикӣ илова карда мешавад, меноманд.

Мақсади асосии баҳисобгирии идоракунӣ - ба роҳбарон ва мутахассисони ташкилот ва сохтори он пешниҳод намудани ахбори пешакӣ ва воқеӣ оид ба фаъолияти корхона ва муҳити беруна мебошад, ки барои таъмин намудани қабули қарори асосноки идоракунии минбаъда зарур мебошад.

Роҳбарияти болоӣ мақсадҳои стратегии идоракунии корхонаро ташкил медиҳад. Барои ба ин мақсадҳо расидан ахборҳои зеринро мегирад:

пешина
аз 512
навбатӣ