Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳисоботҳои идоравии баҳамой доир ба фаъолияти истеҳсолӣ, молиявӣ ва фаъолияти сармоягузории ташкилот ва сохторҳои таркибии алоҳидаи он, дар давраи ҳисоботӣ ва давраҳои аниқи муайяншуда;

маводҳои таҳлилии таъсири омилҳои дохила ва беруна ба натиҷаи фаъолияти корхона ва сохторҳои он;

нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва ояндабинӣ дар давраи оянда.

Роҳбарони сохторҳои таркибӣ, сохти стратегияи оқилонаи амалигардонии мақсадҳои дарозмуддати инкишофи корхонаро ташкил намуда, доир ба иҷрои он ҳисоботҳои идоракунӣ мегиранд. Натиҷаи ин ахборот коркард ва таҳлил карда мешаванд ва агар зарур бошад, ба нақшаи ҷории корхона тағйиротҳо дохил карда мешавад.

Вазифаҳои асосии баҳисобгирии идоракунӣ аз нуқтаҳои зерин иборат мебошанд:

  1. Баҳисобгирии мавҷудият ва ҳаракати захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ ва пешниҳоди ахбор оиди онҳо ба менеҷерон.

  2. Баҳисобгирии хароҷот, даромадҳо ва фарқияти онҳо аз меъёрҳои муайяншуда, стандартҳо ва смета дар ташкилот, сохторҳои алоҳидаи он, гурӯҳи эҷодӣ, қарори технологӣ ва ғайра.

  3. Ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои арзиши аслии маҳсулот (кор ва хизматҳо) ва фарқияти онҳо аз нишондиҳандаҳои меъёрӣ, навшавӣ.

  4. Муайян кардани натиҷаи молиявии фаъолияти сохторҳои алоҳидаи ташкилот аз рӯи қарорҳои технологӣ, маҳсулоти нав, иҷрои кор ва хизматҳо.

  5. Назорат ва таҳлили молиявию хоҷагидории ташкилот ва сохторҳои таркибии алоҳидаи он.

  6. Банақшагирии фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилот ва сохторҳои таркибии алоҳидаи он.

  7. Ояндабинӣ ва баҳои ояндабинӣ.

  8. Тартиб додани ҳисоботҳои идоравӣ ва пешниҳоди он ба ҳайати идоракунӣ ва мутахассисон барои идоракунӣ ва қабули қарори идоракунӣ дар оянда.

Барои муқоисаи баҳисобгирии молиявӣ ва идоракунӣ зарур мебошад, ки дар системаи баҳисобгирии бухгалтерӣ фарқу ҳамрангии онҳоро муқоиса намоем.

пешина
аз 512
навбатӣ