Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳангоми назорати фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, Бонки Миллӣ чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:
додани литсензия барои фаъолияти бонкӣ;
назорат ва тафтиши ҳисоботҳои онҳо;
ташкили тафтиши онҳо;
назорати риояи меъёрҳои иқтисодии бонкӣ.
Вазифаи асосии Бонки Миллии Тоҷикистон таъмин намудани системаи дурусти бонкию ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт дар ҷумҳурӣ ва нигоҳ доштани системаи устувори молиявӣ мебошад.
25.2. Ташкилотҳои молиявӣ ва менеҷменти молиявӣ
Молия гуфта, системаи дохила ва берунаи муносибатҳои ташкилотро меноманд, ки дар ҷараёни ташаккул ва истифодабарии фонди захираҳои пулии он ба вуҷуд омадааст.
Хусусияти системаи молиявии ташкилот аз рӯи ҳаҷм ва сохтори сармоя, технологияи фаъолияти асосӣ, давомнокии равандҳои истеҳсолӣ, хизлати афзоиши хароҷотҳо дар дохили он, омилҳои табиӣ ва географӣ, шароитҳои умумии иқтисодӣ муайян мегардад.
Ҳамаи ин унсурҳои номбаршуда ба миқдор, сарчашма, сохтор, хусусияти ҳаракати воситаҳои молиявӣ таъсир мерасонанд.
Захираҳои молиявии ташкилот аз рӯи фонди оинномавии он сарчашма гирифта, дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ илова ва нав мешаванд.
Сохтори молиявии ташкилотҳоро чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин мебошад:
- Захираҳои худӣ ва баробар ба онҳо:
даромад аз фаъолияти асосӣ;
даромадҳо аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳои амортизатсионӣ, пайсупории мақсад, даромад аз фурӯши фондҳои асосӣ ва ғайра.
- Захираҳои ҷалбкардашуда:
дохилшавӣ аз ҳисоби саҳмияҳо;
қарзҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо