Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Захираҳое, ки дар натиҷаи тақсимотҳо дохил шудаанд (аз ҳисоби фонди суғуртавӣ, ташкилоти болоӣ, фондҳои қарзӣ, дивидендҳо ва ғайра).
    Захираҳои молиявии ташкилотҳо барои хароҷотҳои ҷорӣ, баргардонидани захираҳои моддӣ, маблағгузории ташкили фондҳои мақсадноки корхона истифода бурда мешаванд.

Сарчашмаҳои захираҳои молиявии ташкилоти ғайритиҷоратӣ инҳо мебошанд:
воситаҳои буҷавии давлатӣ ва маҳаллӣ; пардохт барои иҷрои кор ва хизматҳо; даромад аз ҳисоби иҷораи амвол; ҳаққи аъзогии иловагӣ; дигар даромадҳо.

Барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ сарчашмаи асосии захираҳои молиявӣ ҳаққи аъзогӣ мебошад.

Дар ҷараёни фаъолиятҳои ҷории ташкилотҳо, муносибатҳои молиявӣ ҳангоми пардохти мол, гирифтани қарзҳои тиҷоратӣ, суғуртавӣ, тақсимоти фондҳо, дивидендҳо, додани музди меҳнат, додани қарз, фондҳои қарзӣ, додани андоз, депозитҳои бонкӣ ва монанди ин зоҳир мегарданд.

Фаъолияти молиягузории дарозмуддат дар ҳолати маблағгузории объекти воқеии ташкилот, қоғазҳои қиматноки депозитҳои алоқаманд мебошад.

Аксари ташкилотҳо дар шароити имрӯза аз рӯи қонун мустақилияти молиявӣ доранд. Ин асоси самараноки идоракунии гардиши пулиро бо роҳи ташкил ва истифодабарии фондҳои пулӣ, натиҷаҳои дигар фаъолиятҳои молиявӣ бо истифода аз менеҷменти молиявӣ ташкил медиҳанд.

Функсияҳои асосии менеҷменти молиявии корхона иборат мебошанд:
такрористеҳсолӣ;
тақсимотӣ;
назоратӣ.

Ин функцияҳои худро амалӣ гардонида, менеҷменти молиявӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  1. Системаи молиявии ташкилотро барпо сохта, сарчашмаҳои пайдоиши
    воситаҳои пулӣ, стратегия ва сиёсати молиявии ташкилотро, ки ба
пешина
аз 512
навбатӣ