Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қисми зиёди хароҷотҳо ба хароҷотҳои шартан доимӣ рост меоянд, яъне то андозае доимӣ мебошанд, ки агар ҳудуди муайянро нагузарад. Вақте, ки аз ин ҳудуд мегузаранд, аллакай хароҷотҳои иловагии идоракунӣ, нақлиёти анборӣ, маъмурӣ ва ғайра пайдо мешаванд.

Хароҷотҳои гардон, ё худ тағйирёбанда хароҷотҳо барои хариди ашё, мавод, музди меҳнат, истеҳсолӣ, коргарон ва ғайра буда, хароҷотҳое мебошанд, ки баробари тағйир ёфтани ҳаҷми маҳсулот дигар мешавад. Ин гуна хароҷотҳо бояд ҳатман рӯйпӯш карда шаванд ва агарна корхона аз фаъолияташ зарар мебинад. Агар онҳо аз нархи маҳсулот зиёд шаванд, он гоҳ корхона маҷбур мешавад, ки истеҳсолотро қатъ гардонад.

Идораи хароҷотҳои доимӣ бошад, хеле мураккаб мебошанд, чунки аллакай онҳо ба маҳсулот пайвастанд. Агар истеҳсолот боздошта шавад ин хароҷотҳо пурра аз даст дода мешаванд, яъне таҷҳизот ва дастгоҳҳо хӯрда шуда аз кор мебароянд.

Аммо, вақте ки онҳо дар ҳолати корӣ мебошанд, қисме аз хароҷотҳо баргардонида мешаванд. Аз ин нигоҳ, агар хароҷотҳои иловагие, ки доир ба барқароркунии фаъолият мебошанд ба инобат гирифта шавад, маълум мегардад, ки ба зарар нигоҳ накарда, корхонаҳо кор кунанд, дар маҷмӯъ фоидаи иқтисодӣ мебинанд.

Барои доимо дар зери назорати идоравӣ будани ин ҳолат бояд ҳаҷми ақалли маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, аниқ карда шавад, то ки даромаднокӣ таъмин карда шавад. Ин ҳаҷм аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

Хароҷотҳои доимӣ
Нуқтаи безарар = --------------------------------------------------------
Арзиши як воҳиди маҳсулот - хароҷотҳои
тағйирёбанда ба як воҳиди маҳсулот

Ҳангоми гуногунии номгӯи моли корхона нишондиҳандаҳои хароҷоти тағйирёбанда ба як воҳиди нишондиҳандаи маҳсулот нисбати хароҷотҳои тағйирёбанда ва ҳаҷми ояндаи фурӯши молӣ иваз мешавад.

Аз дигар тараф вазифаи менеҷменти корхона аз он иборат аст, ки нуқтаи максималии истеҳсоли маҳсулотро муайян созад, ки гирифтани фоидаро дар ҳадди болоӣ таъмин месозад.

пешина
аз 512
навбатӣ