Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Аз нигоҳи иқтисодӣ чунин нуқтаеро меноманд, ки аз он зиёд намудани хароҷот фоидаи иловагӣ намеорад.

Муайян кардани фоидаи корхона вобаста аз ҳаҷми фурӯши мол ва фишангҳои фаъолиятии корхона низ, бояд мавзӯи омӯзиши менеҷмент бошад. Чунки таъсири фаъолиятҳои оҷилона дар он мебошанд, ки ҳангоми бетағйир будани нархи мол, афзоиши фурӯш ба камшавии хароҷотҳои доимӣ ба як воҳиди маҳсулот оварда мерасонад. Дар ин ҷо интихоб ва ҷорӣ кардани технологияи пешқадами камхарҷ, кам кардани силсилаҳо ва давраҳои гардиши мол мақоми хоса доранд. Чунон ки дар мавзӯъҳои гузашта оид ба усули ҷопонии «аниқу саривақтӣ» истифодаи захираҳо гуфта гузашта будем, ин усул дар мавриди мазкур мақоми калон дорад.

Ҳамин тариқ, таъсири фишангҳои фаъолиятро ба фоидаи корхона чунин муайян кардан дуруст аст:

Фоида + хароҷоти доимӣ
ТФР (таъсири фишангҳои фаъолиятӣ) = -----------------------------------------
Фоида

Ғайр аз ҳаҷми мутлақи фоидаро муайян кардан, инчунин ба менеҷменти ташкилот зарур мебошад, ки дараҷаи фоиданокии хароҷотҳои доимӣ ва ҷориро муайян созад.

Яъне ба ҳар як воҳиди пулии хароҷот чӣ қадар фоида ба даст дароварда шудааст, ё ба ҳар як воҳиди фондҳои асосии корхона (маблағгузории асосӣ) чӣ қадар фоида ба даст оварда шудааст, бояд аниқ гардида, баҳо дода шавад. Ин нишондиҳанда аз рӯи формулан зерин муайян карда мешавад:

Фоида
Дд = ------------------------------------------------ • 100%
Хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда

Аз формула маълум аст, ки барои баланд бардоштани дараҷаи даромаднокӣ ин пеш аз ҳама хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда кам карда шаванд. Сарчашмаҳои асосии кам кардани хароҷотҳо ва зиёд кардани фоиданокии кори корхонаро дар ҳар як мавзӯи ин китоб мо махсус қайд карда гузаштаем.

пешина
аз 512
навбатӣ