Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар ҳолате ки ҳар дуи ин тарафҳои масоили бахши иҷтимоӣ якҷоя ҳал карда мешавад, қудрати иҷтимоии меҳнатро пайдо месозанд, ки имкония дар алоҳидагӣ баҳо додани мавқеъ ва моҳияти функционалии онҳо чӣ дар иқтисодиёт ва чӣ дар инкишофи ҷамъиятӣ пайдо мегарданд.
Системаи ҳалли масоилҳои меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси ташкикули сиёсати иҷтимоию меҳнатӣ пайдо мегарданд. Сиёсати иҷтимоӣ, ин кор карда баромадани қарорҳое, ки бо одам ва мавқеи он дар ҷамъият, додани кафолати иҷтимоӣ бар он, бо назардошти гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ мебошад.
Предмети сиёсати иҷтимоӣ, ин масоили ташаккул ва инкишофи системаи муносибатҳои ҷамъиятии байни ду гурӯҳи шаҳрвандон:
қобилияти меҳнатӣ дошта;
қобилияти меҳнатӣ надошта, мебошад.
Табиист, ки доираи сиёсати иҷтимоӣ бояд ҳардуи ин гурӯҳҳоро фарогир бошад.
Сиёсати иҷтимоӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ аз доираи меҳнат вобаста буда, мавқеъ ва инкишофи он, самаранокии вай сиёсати иҷтимоиро инъикос карда, дар асоси таъмини манфиатҳо ва талаботҳои коргарон зоҳир мегарданд. Барои он, ки сиёсати иҷтимоӣ ба тарафи меҳнат рӯй гардонад, бояд мо ҳамон қисме, ки ба фаъолияти меҳнатии одамон вобаста мебошад ва ба он таъсири мутаваҷҷеҳсозанда дорад, дида бароем. Маҳз ҳамин мақсадро бояд ташаккули сиёсати иҷтимоӣ дошта бошад.
Сиёсати иҷтимоию меҳнатӣ дар шароите самаранок мебошад, ки агар вай бо сиёсати иқтисодӣ, технологӣ ва ташкилӣ, яъне бо сиёсати иқтисоди боварӣ пайваст бошанд. Мақоми бартариятро нисбат ба дигар системаи иқтисодии сиёсатҳо, бояд системаи сиёсати иҷтимоӣ дошта бошад. Чунки дар навбати аввал, таъмини талаботи «одамон» вазифаи аввалини ҳар як давлату системаи иқтисодии он мебошад.
Таҳлили сохтории доираи иҷтимоии меҳнатӣ дар дараҷаи муайяни истеҳсоли хоҷагидорӣ (ширкат, соҳа ва минтақа) асоси ташаккули системаи иҷтимоии меҳнатӣ мебошад, ки ҳамчун унсури аввалии системаи виқнан баланддошта, бо назардошти мақоми ҳуқуқӣ, хислати алоқамандии иҷтимоию меҳнатӣ ва шакли моликият гузориш меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор