Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Идоракунии системаи иҷтимоию меҳнатӣ гуфта, кулли қарор ва фаъолиятҳоеро меноманд, ки барои ташкил ва беҳтар кардани ин система ва таъмини самаранокии фаъолияти он хизмат мерасонанд.

Ҳар як системаи иҷтимоию меҳнатӣ бо технологияи қабулаш, шаклҳои ташкилӣ ва механизми иқтисодии амалаш баҳо дода мешаванд. Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо се гурӯҳи системаи иҷтимоию меҳнатӣ ҷудо карда мешаванд:
мақсаднок, функсионалӣ ва институтсионалӣ. Ҳар як шакли фаъолиятро дар бахши иҷтимоӣ аз рӯи моҳияти мақсаднокӣ ба се гурӯҳи дигар ҷудо мекунанд:

Гурӯҳи якум - инкишофи иҷтимоии захираҳои башарӣ, системаи тандурустӣ, маориф, илм, маданият, варзиш ва туризм, воситаҳои ахбори умумро фаро мегирад.

Гурӯҳи дуюм - хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, ки системаи хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдои молҳои истеъмолӣ ва хӯроки умумиро фаро мегирад.

Гурӯҳи сеюм - ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, ки системаи ёрдамҳои иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, таъмини нафақа, шароит ва муҳофизати меҳнат, таъминоти бехатарӣ ва муҳофизати тартиботро дар бар мегирад.

Менеҷменти бахши иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи амалӣ ва фаъолият дар дараҷаи баландтарини умумӣ ба тадқиқоти иқтисодию иҷтимоие такя мекунад, ки ба ҳал кардани масоили соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар шудани дараҷаи зиндагонии одамон ва ҳиссаи онҳо дар инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ равона шудааст.

Иқтисодиёти иҷтимоӣ - нишонгирӣ ба омӯзиши масоиле мебошад, ки моҳияти муҳимро барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ доранд. Ба ин гуна иқтисодиёт равияҳои зерин хос мебошанд:

инкишофи башарӣ, шароит ва имконоти афзоиши аҳолӣ, умри дароз
дидан, сохтори касбӣ ва иҷтимоии аҳолӣ;

ҷойгиршавии ҳудудии муҳити зисти одамон ва шароити табиию географӣ;

оворагардӣ, мигратсияи аҳолӣ, интихоби ҷои истиқомат ва ҷои кор,
истифодабарии усулҳои самараноки захираҳои башарӣ;

муҳити маорифу маданият, тарбия, маълумоти миёна, миёнаи махсус, ҷои
кориву таълимӣ барои устодон, муаллимон ва донишҷӯён;

пешина
аз 512
навбатӣ