Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳақиқӣ ба баланд шудани дараҷаи зиндагонии коргарон оварда мерасонад. Ба буҷаи давлатӣ низ ҳаҷми андоз аз музди меҳнат, фонди суғурта имконоти ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ зиёд мешавад.
Таҷрибаи давлатҳои инкишофёфта нишон медиҳад, ки дараҷаи зиндагонии мардуми онҳо бисёртар аз музди меҳнати баланд дар бозори меҳнат вобаста мебошад.
Дар ҷараёни худтанзимкунии бозори меҳнат мақоми асосиро фоидаи соҳибкорӣ мебозад, ки дар бозори меҳнат харидор мебошад. Соҳибкор доимо хислати онро дорад, ки фоидаи соҳибкориаш баланд бошад, бинобар ин ҳаракати ташкили ҷои кори нав ва навовариро дорад, ё дигаргунсозии ҷои кор, дигар кардани технологияи истеҳсоли чорабиниҳое мебошад, ки соҳибкор ба он ҳаракат мекунад. Дар баробари ин талабот ба меҳнат низ баланд мешавад ва доимо баландшавӣ маҳорати касбӣ талаб мекунад.
Тарафдорони худтанзими бозор, неоконсерватизм чунин ақида доранд, ки гӯё зарурати даҳолати давлатӣ лозим набошад. Дар иқтисодиёт ёрдами давлат ба қашшоқон фаъолнокии онҳоро маҳкум карда, дар онҳо хислати тайёрхӯрии иҷтимоиро пайдо мекунад. Ҷараёни андозситонӣ аз даромади соҳибкорӣ воситаҳоро барои ҷорӣ кардани технологияи нав маҳдуд месозад, фоиданокии корхонаро паст мекунад, бинобар ин доимо нобаробарии даромадҳо, афзоиши инфлятсия ва бекорӣ, хоҳ нохоҳ пайдо мешавад. Албатта чунин як нуктаи назар ба назарияи иҷтимоии дарвинизм, ки дар ҷамъият қоидаи интихоби табиӣ ва зинда мондани боқувватон аст ва имрӯз барои иқтисоди Тоҷикистон ғайриимкон мебошад. Бинобар ин назарияи наздик ба шароити имрӯзаи иқтисодиёти Тоҷикистон ин назарияи А. Смит доир ба даҳолат накардани давлат дар иқтисодиёт, дар асари худ «Тадқиқот оид ба табиат ва сабабҳои боигарӣ» мувофиқ меояд. Вай қайд мекунад, ки иқтисоди бозорӣ қобилияти худтанзимкуниро дошта, дар асоси «Дасти номаълум» манфиати шахсӣ, ки ҳаракат ба гирифтани фоидаро доранд, пеш меравад. Аммо дар корҳои Ҷ. Кейнс ин назария зери танқид гирифта шудааст ва шакли дигарро ба худ гирифтааст. Ҷ. Кейнс тарафдори даҳолати фаъоли давлатӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ буда, ҳисоб мекунад, ки музди меҳнати қатъии ноёзанда баробарии даромади миллиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор