Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
таъмин месозад, ҳарчанд ки дар ин сурат низ бекории зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.
Шароитҳои муносибатҳои меҳнатӣ, ки дар ҷараёни истеҳсолот пайдо мегарданд ва ба ҳама тарафҳои ҳаёти шахсони алоҳида таъсир расонда, танзими махсусро талаб мекунанд. Таҳлили меъёрҳои конститутсионӣ нишон медиҳанд, ки хулосаро оиди ҳимояи баробари ҳуқуқи меҳнат ва фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошем. Дар навбати худ қонунҳои меҳнатӣ бояд баробарҳуқуқии тарафҳо, баҳисобгирии манфиатҳоро дар шартномаҳои меҳнатӣ нигоҳ доранд. Чунки коргар тарафи заифи шартномаи меҳнатӣ мебошад ва соҳибкор доимо имкон дорад, ки ба ӯ шарту шароитҳои худро монда, корро ба манфиати худ ҳаллу фасл намояд. Дар ин сурат ташкилоти кӯмакрасон иттифоқи касаба мебошад.
Бекорӣ ва шуғли аҳолӣ ба доираи иқтисоди ғайриқонунӣ (ё худ бозори сиёҳ) масоилҳои ҷиддии иҷтимоию иқтисодиро ба вуҷуд меорад, ки мо бояд сари ин мушкилӣ андеша намоем. Баъзе аз ин назариячиён андеша доранд, ки дар ин ҷо нокифоягии танзими давлатӣ мебошад. «Чунки мавҷуд набудани сиёсати самараноки иҷтимоии давлат, механизми худтанзимшавандаи зиндамонии оилаҳо ба вуҷуд омадааст. Махсусан, ҷавонон маҷбур шудаанд, ки қишлоқҳоро тарк карда, ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон барои мардикорӣ раванд ва ё ба корҳои ғайриқонунӣ даст зананд, ки боиси зиёдшавии дараҷаи ҷинояткорӣ дар мамлакат гардидааст».
Дар менеҷменти замонавӣ шахсони қобили меҳнатиро гурӯҳи фаъоли аҳолӣ меноманд, яъне қисми аҳолие, ки қувваи кории худро дар бозори меҳнат пешниҳод карда метавонад.
Мувофиқи стандарти ТБТМ (Ташкилоти байналхалқии ташкили меҳнат) шахсони аз 16-сола боло ба сафи бекорон дохил мешаванд, ки агар:
❖ дар давраи ҳисоботӣ ҷои кории доимӣ надоранд (даромад аз шуғл
намегиранд);
❖ ба ташкилоти давлатии шуғли аҳолӣ муроҷиат карда, дар қайд
мебошанд;
❖ барои кор кардан хоҳиш доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор