Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳангоми муайян кардани бекорӣ гурӯҳҳои донишҷӯӣ, нафақахӯр ва маъюб дар назар дошта намешавад. Агар онҳо хоҳиши кор кардан дошта бошанду ҷои кор надошта бошанд, он гоҳ ҳамчун бекор ҳисоб карда мешаванд.
Бекорон — қувваи кории иловагӣ мебошад, ки давлат ҳангоми васеъ кардани истеҳсолоти худ метавонад ба онҳо такя намояд. Аз тарафи дигар қувваи корие, ки дар инкишофи боигарии миллӣ иштирок намекунад, мазмуни онро дорад, ки дар мамлакат имконоти истеҳсолӣ истифода бурда намешавад. Ҳангоми бекорӣ малакаи дониши коргар гум шуда, сифати он паст мегардад.
Бозори меҳнат — механизми муайян кардани арзиши молии қувваи коргарӣ мебошад, ки имкони амалӣ гаштани механизми озоди талаботу таклифотро доир ба қувваи корӣ пайдо месозад. Дар менеджменти замонавӣ ду нишондиҳандаро ҷудо мекунанд, ки дар бозори меҳнат нобаробариро пайдо месозад:
-
Дараҷаи бекорӣ.
-
Давомнокии миёнаи он.
Дар бозори меҳнати Тоҷикистон имрӯзҳо ҳолати ҳаракати номаълум мушоҳида карда мешавад, яъне нишонагирии аниқ ва рафтори аз тарафи органҳои давлатӣ диданашуда, инчунин талаботҳои психологии худи бекорон омӯхта намешаванд. Дар чунин як шароит даҳолати васеи давлатии идоракунии бекорӣ ва шуғли аҳолӣ шарти зарурии ҳалли масъала мебошад. Чунки бозори меҳнат аз дигар шакли бозорҳо бо як қатор хусусиятҳои зерини худ куллӣ фарқ мекунад:
-
Фаъолияти ҳар як шахс, ҳар як ташкилот пеш аз ҳама барои таъмини манфиатҳои шахсӣ равона мебошад. Барои харидори қувваи коргарӣ, яъне ташкилот манфиати асосӣ фоида буда, ҳаракат мекунад, ки музди меҳнатро баланд набардорад.
-
Харидорон ва фурӯшандагони бозори меҳнат қариб ки ахбори муътамад оид ба якдигар надоранд. Аз тарафи дигар коргар дар шароите, ки дигар илоҷ надорад, ба ҳамаи шароитҳои корхона ризо мешавад.
-
Дар бозори меҳнат нишондиҳандаҳои сифатии коргар қариб баҳо дода намешаванд ва ин ба пастшавии талабот ба маълумот оварда мерасонад.
-
Ҳосилнокии меҳнат, нишонаи доимии меҳнат буда, новобаста аз мураккабӣ ва дарозмуддати кор баҳо дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор