Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
даҳонӣ ин вобаста ба суръати баланди инкишофи технологӣ ва ҷараёнҳо, ҳарчӣ кам кардани таъсирро ба муҳити атроф, инчунин тезонидани ташаккули бозори хизматҳои экологӣ бо роҳи инкишофи воситаҳои идоракунии маркетингӣ мебошад.
Ба равияҳои асосии маркетинги инҳо дохил мешаванд:
❖ ташаккули сохтори молиявии дастгирии фаъолияти экологӣ;
❖ баҳои экологии дараҷаи таъсир ба муҳити зист;
❖ суғуртаи экологии фаъолияти корхона;
❖ тағйир ёфтани шакли ҳисоботдиҳии фаъолияти истеҳсолкунанда;
❖ шаклҳои нави реклама;
❖ қоидаҳои нави савдо.
Механизми маркетингии идоракунии муҳофизати муҳити атроф дар шакли усулҳои бозории зерин амалӣ мегардад:
❖ батанзимдарории маъмурӣ - ҷорӣ намудани стандартҳои меъёрӣ ва маҳдудиятҳое, ки ташкилотҳои истеҳсолкунанда бояд риоя намоянд, инчунин назорати бевосита ва литсензияи истифодабарии табиӣ;
❖ ҳавасмандии иқтисодӣ, ки барои истифодабарии дурусти сарватҳои табиии ташкилотҳои истеҳсолкунанда равона карда шудаанд;
❖ системаи маблағсупориҳо ва андозҳо барои ифлоскунии муҳити зист;
❖ тақсимоти ҳуқуқи ифлоскунӣ ва барқароркунии он.
Асосан усулҳои маркетингии назорати экологии менеджмент чунинанд:
- Механизми тиҷоратию хоҷагидорӣ.
- Механизми ҷамъиятию ҳуқуқӣ.
- Механизми идоракунии маркетингӣ.
- Механизми меъёрию техникӣ.
- Таъминоти ахборӣ.
- Тағйироти сохтории истеҳсолот, гардиши мол ва истеъмолкунанда.
- Ташхиси экологӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор