Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

27.2. Системаи стандартҳо ва сиёсати экологӣ
менеҷменти корхона

Системаи стандартҳои байналхалқии ISO 14000 дар асоси стандартҳои BS 7750 ва инчунин аз рӯи системаи стандартҳо сифати маҳсулот USO 9000 кор карда шудаанд. Нисбат ба дигар стандартҳои мавҷуда ин стандартҳо ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва технологӣ нигаронида нашудаанд. Предмети асосии стандарти ISO 14000 системаи менеҷменти экологӣ буда, равияҳои зеринро дар бар мегирад.

ISO 14001,-14004
Системаи идоракунии экологӣ

ISO 14010-14015
Аудити экологӣ

ISO 14020-14022
Тамғадиҳии
экологӣ

Системаи
стандартии
ISO 14000

ISO 14030
Баҳои сифати
экологӣ

ISO 14040
Баҳои давраи
ҳаётии маҳсулот

ISO 14041
Мафҳумҳо ва
моҳияти онҳо

Расми 1. Системаи стандартии ISO 14000.

Муайян карда шудааст, ки системаи стандартҳо таъсири манфии фаъолияти корхонаро ба муҳити зист дар се дараҷа кам мекунад:

  • ташкилӣ, бо роҳи беҳтар кардани рафтори экологии корхона;
  • миллӣ, бо роҳи ташкили меъёрҳои миллӣ дар сиёсати экологии давлатӣ;
  • байналхалқӣ, бо роҳи беҳтар кардани шароити тиҷорати байналхалқӣ.
    Фалсафаи асосии стандарти ISO 14000 «бо роҳи баланд бардоштани сифати маҳсулоти худӣ ва ҷалб намудани дигарон беҳтар кардани сифати зиндагонии тамоми ҷамъият» мебошад.
пешина
аз 512
навбатӣ