Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳуқуқӣ, дар асоси кадастри замин асосҳои ҳуқуқии истифодабарандагони замин муайян карда шудааст.
Объекти асосии кадастри замин, ин замин ҳамчун захираи табиӣ ва воситаи истеҳсолот, инчунин унсури муносибатҳои бозорӣ мебошад.
Замин ҳамчун унсури муносибатҳои бозорӣ, моликият ба ҳисоб рафта, вобаста аз системи муайяни пардохтҳо, андозҳо, меъёрҳо, нархҳо муайян карда мешаванд.
Системаи кадастри замини Тоҷикистон тамоми замини ҷумҳуриро новобаста ба истифодабаранда ва категорияшон пурра дар бар гирифта, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
-
Батанзимдарории муносибатҳои заминдорӣ ва истифодаи замин.
-
Ҷорӣ кардани сиёсати молиягузорӣ ва андозситонии давлатӣ.
Дар ин маврид нуктаҳои зеринро мебинем:
-
баҳои фаъолияти хоҷагидории заминистифодабарӣ;
-
коркарди чорабиниҳо оид ба истифода ва муҳофизати замин;
-
муайян кардани ҳаҷми пардохтҳо барои истифодаи замин;
-
гузаронидани чорабиниҳои заминсозӣ;
-
ҳалли муноқишаҳои заминистифодабарӣ;
-
пешниҳоди ахбори кадастри замин барои шахсони ҳуқуқӣ ва алоҳида.
Кадастри давлатии замин ин барои ҷамъоварӣ, систематикунонӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва беҳтар кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод кардани ахбор оид ба замин ва ҷойгиршавии объектҳо мебошанд.
Мувофиқи кадастри давлатии замин, тамоми захираҳои замин чунин гурӯҳбандӣ карда мешаванд:
-
аз рӯи нишонаи маъмурию ҳудудӣ;
-
аз рӯи категорияҳо;
-
аз рӯи субъектҳои хоҷагидорӣ ва низоми ҳуқуқӣ;
-
аз рӯи ҳолати экологӣ;
-
аз рӯи намуди растаниҳо.
Ба дуруст ташкил намудани идоракунии истифодабарии замин, онҳоро вобаста аз моликиятдорӣ, истифодабарӣ ва моҳияти иқтисодиашон ба категорияҳои зерин ҷудо мекунанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор