Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

заминҳои корхонаҳои хоҷагии қишлоқ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон;
заминҳои дар истифодаи маъмурияти шаҳрҳо ва деҳот;
саноат, нақлиёт, алоқа, радио, муҳофизат;
территорияи махсуси муҳофизатӣ, мамнӯъгоҳҳо, боғчаи миллӣ;
фонди давлатии замин;
заминҳои фонди обӣ;
заминҳои захиравӣ.

Сохтори заминистифодабарӣ ин ҷойгиршавӣ ва мутаносибии намудҳои гуногуни замин дар ҳудуди муайян мебошад. Аслан баҳисобгирӣ, ҳисобот ва таҳлили истифодабарии замин дар ҳудуди маъмурӣ гузаронида мешаванд. Мисол, дар шароити имрӯза, Тоҷикистон ба 3 вилоят, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо марзҳои худ ҷудо карда шудааст. Дар дохили ин ҳудудҳои маъмурӣ боз ноҳияҳо, деҳаҳо ва хоҷагиҳо ҷойгир мебошад, ки марзи худро доранд.

Вобаста аз таҳлили марзии ҳар як ноҳияи маъмурӣ ҳолати истифодабарии замин муайян карда мешавад.

Аз рӯи ҷараёни манфии экологӣ чор дараҷаи ҳолати замин ҷудо карда мешаванд:

  1. Қаноатманд - барои фаъолияти ҳаёти одамон мувофиқ.
  2. Ҳолати ногувор - аллакай барои фаъолияти одамон мувофиқат намекунад.
  3. Ҳолати бӯҳронӣ - ҳолати мудҳиши экологӣ.
  4. Ҳолати садамавӣ - нобудшавии экологӣ.

Бо мақсади беҳтар кардани ҳолати экологии замин зарур мебошад, ки минтақабандии экологӣ гузаронида, категорияҳои ноҳияҳоро муайян созем ва вобаста аз он фаъолияти ояндаи одамонро дар минтақаҳо ба танзим дарорем.

Баҳодиҳии экологии ҳолати замин ва истифодабарии он аз рӯи ду гурӯҳи омилҳо баҳо дода мешаванд:

  1. Омилҳои гурӯҳи якум, ин ҳолати муҳити зист ва дараҷаи ифлосшавии технологӣ.
  2. Омилҳои гурӯҳи дуюм, ин ҳудуди захираҳои рекреатсионӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ