Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Зербиной.
  2. Беҳтаркунанда.
  3. Навоварии тақаллубӣ.

Навоварии зербиной дар навбати худ ҷудо мешаванд ба технологӣ (дар соҳаи нави истеҳсолӣ ва бозор) ва ғайритехнологӣ (тағйирот дар соҳаи маданият, идоракунӣ, хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ва ғайра).

Мақоми калонро дар назарияи ҷараёни навоварӣ концепсияе мебовад, ки асоси тадқиқоти системаи технологӣ ва диффузияи навоварӣ татбиқ шудааст. Ин концепсия аз тарафи як қатор олимон ба монанди иқтисодчии англис К.Фримен, Ҷ. Кларк ва И. Суите инкишоф дода шудаанд. Онҳо мафҳуми системаи технологиро ҳамчун системаи як онлан техникӣ ва нутимони навоварӣ номиданд.

Мувофиқи ақидаи ин олимони иқтисодшинос суръати инкишофи иқтисодӣ аз инкишоф ва кӯҳнашавии равандҳои технологӣ вобаста мебошад. Паҳн кардани навоварӣ ҳамчун механизми инкишофи системаи технологӣ ва суръати паҳнкунии он аз механизми бозор, мавҷуд будани шароит ва ҳавасмандӣ вобастагӣ дорад.

Бо ақидаи Кристофер Фримен ва ҳамсабақони ӯ, қувваи теладиҳандаи инкишофи иқтисодӣ ин пайдоиши навоварии зербиной дар як соҳаи алоҳида мебошад. Кӯҳнашавии системаи технологӣ дар як давлат ва пайдоиши технологияи нав дар дигар давлатҳо ба нобаробарии инкишофи байнидавлатӣ оварда мерасонад. Инкишофи иқтисодиро ҳамчун натиҷаи пайдоиши соҳаҳои нав меҳисобанд.

Дар шароити имрӯза моҳияти калонро концепсияи танзими бозори навоварӣ мебозад. Предмети тадқиқот дар онҳо масоили моликияти зеҳнӣ, нархгузорӣ дар бозори технологӣ ва маркетингӣ, навоварӣ. Олими рус А.И.Анчишкин қайд мекунад, ки "Хусусияти дониши илмӣ ин кам кардани хароҷоти меҳнатӣ мебошад ва ин хусусият имкон медиҳад, ки арзиши истеҳсолии мол кам карда шавад". Дар инкишофи назарияи навоварӣ иқтисодчӯени Россия мақоми калон доранд. Мафҳуми концепсияи ташаккули технологӣ дар илм аз тарафи олим иқтисодчӣ С.Ю. Глазев ва ҳамсабақони ӯ дохил карда шудааст.

Ташаккули технологӣ - ин гурӯҳи ҳодисаҳои технологие мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои илмию техникии якхела амал мекунанд. Ташаккули технологӣ

пешина
аз 512
навбатӣ