Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ҳамчун омили асосии танзими ташкилии иқтисодӣ хизмат мекунанд. Панҷ ташаккули технологиро ҷудо мекунанд. Дар мамлакатҳои инкишофёфта тақсимоти технологӣ ташаккули 4-5-ум рафта истодааст. Дар Тоҷикистон ташаккули 4-уми технологӣ хеле суст инкишоф ёфтааст.
Мақоми хосаро дар ташаккули назарияи стратегияи рақобат олими амрикоии М. Портер гузоштааст. М. Портер нишон медиҳад, ки ташкилот метавонад бартарии рақобатӣ дошта бошад, ба шарте ки истеҳсолоташро бо хароҷотҳои кам дар асоси дифференциатсияи сифати маҳсулот ба роҳ монад. Тадқиқотҳои вай оид ба параметрҳои стратегияи глобалии ширкатҳо, нишондиҳандаҳои бартарияти рақобатии мамлакатҳо, давраҳои инкишофи рақобатҳо мақоми хосро дар навоварӣ доранд. Бо ақидаи Портер чор давраи рақобатнокии иқтисоди миллӣ ҷудо карда мешаванд: — омилҳои истеҳсолот; сармоягузорӣ; навоварӣ; бойшавӣ.
Ҳар яке аз ин давраҳо бо худ механизми идоракунии навоварӣ ва иқтисодии махсуси худро доранд.
- Дар зинаи омилҳои истеҳсолот, ки ба ин ё он мамлакат хос мебошад, асосан бартарият ба мавҷудияти сарватҳои табиӣ ва қувваи арзони корӣ дода мешавад. Дар ин зина технологияи оддӣ кор карда, технологияи пешқадам дар хориҷа кор карда мешавад.
- Давраи сармоягузорӣ ҳамон вақт сар мешавад, ки агар ташкилотҳои миллӣ имконоти пулӣ ва сармоягузорӣ дар харидани технологияи пешқадам ва литсензияҳо пайдо намоянд. Иқтисоди миллӣ дар ин зина имкон пайдо мекунад, ки технологияи хориҷиро қабул намуда беҳтар созанд.
- Давраи навоварӣ замоне пайдо мегардад, ки агар иқтисодиёти миллӣ аз истифодаи технологияи хориҷӣ чизи навро пайдо созанд. Талаботи дохила барои ин хеле баланд ва гуногун мебошанд. Мақоми давлат дигар шуда, сиёсати он хислати таъсиррасонии бавоситаро мегирад.
- Давраи боигарӣ, ё худ бойшавӣ ҳавасмандшавии инкишоф ин баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардум буда, сармоя ба доираи молиявӣ табдил ёфта, суръати инкишофи иқтисодӣ суст мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор