Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳолати дигарро метавон қайд кард, ки дар дохили ҳар як иқтисоди миллӣ соҳаҳо ташкилотҳо метавонанд, ки дар дараҷаҳои гуногуни рақобатнокӣ қарор дошта бошанд.

Барои гузаштани ин давраҳои инкишоф таҷрибаи давлатҳо нишон медиҳанд, ки концепсияи давлатии фаъолияти навоварӣ мақоми калон дорад. Унсурҳои асосии чунин танзимдарорӣ инҳо мебошанд: роҳҳои гуногун дар таҷрибаи давлатҳо истифода шудааст; давлатҳое, ки дар солҳои 50-70-уми асри ХХ (Ҷопон, Корея, Хитой ва дигарон) дохил буданд, асосан воситаҳои банақшагирии стратегиро истифода карданд. Дигарон мисол ШМА ва мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ, бисёртар ба танзими бевоситаи навоварӣ диққат доданд. Дар ин мамлакатҳо қисмати асосии танзими давлатӣ ин барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати мақсадҳои стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳо мебошанд. Дар байни ин мақсадҳо ба даст даровардани мустақилияти иқтисодӣ, шуғли пурраи аҳолӣ, инкишофи баланди иқтисодӣ, беҳтар шудани стандартҳои дараҷаи зиндагии мардум, таъмини инкишофи боигарии миллӣ асосӣ мебошад. Унсури дигари танзими давлатии навоварӣ ва ба мақсад расидан ин нақшаҳои иҷтимоию иқтисодӣ буда, барномаҳои комплексии он равандҳои инкишофи стратегии мамлакатро дар бар мегирад.

Солҳои охир дар адабиётҳои иқтисодӣ ва мақолаҳо мафҳуми “навоварӣ” хеле зиёд истифода карда мешавад.

Навоварӣ гуфта амалигардонии якумини навигариҳои технологӣ, ташкилию иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва дигар фаъолиятҳоро меноманд.

Навоварии технологӣ - ҷорӣ намудани қарори технологӣ дар маҳсулот мебошад. Дар бозор, ё ҷараёнҳои дигаре, ки дар соҳаи истеҳсолот ва хизматҳо истифода карда мешаванд, дар навбати худ ҷорӣ кардани истеҳсоли маҳсулоти нав ва дигаргунсозиҳоро дар соҳаи технология ва ташкили истеҳсолот ва ҳавасмандии меҳнат талаб мекунад. Тағйиротҳо инчунин дар системаи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар системаҳо, ки беҳтаршавӣ ном доранд ба вуҷуд меоянд.

Навовариро аз фаҳмиши “ихтироъкорӣ” ва “навигарӣ” бояд фарқ намуд.

Навигарӣ ин навоварии иқтидорӣ, яъне қарори нав то маъмулшавии он мебошад.

пешина
аз 512
навбатӣ