Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
медиҳад, ки асоси тағйирёбии пешвоёни иттиҳодияҳои саноатӣ ин пайдоиши технологияи нав мебошад.
Бозори ҷаҳонии фондӣ баҳои баланди ҳаракатҳои корхонаҳои саноатиро доир ба азхуд кардани навоварӣ, таъмини онҳо ба захираҳои молиявӣ медиҳад. Инчунин қайд карда мешавад, ки мавқеи ин корхонаҳо аз дигаргуншавии сохтори бозор, вобастагии калон доранд. Чӣ хеле ки ҳодисаҳои солҳои 2000-2001-ум нишон медиҳанд, дар соли 2000-ум арзиши саҳмияҳои аксари ташкилотҳои илмҷӯю иш қ паст шудан гирифтанд: Мисол аз рӯи рӯйхати FT-500 ширкати Yahoo аз ҷои 40-ум дар соли 2000-ум ба ҷои 327-ум дар соли 2001-ум омад, компанияи ҷопонии Softbank аз ҷои 44-ум ба ҷои 450-ум омад, компанияи англисии алоқа British Telecommunications аз ҷои 22-юм ба ҷои 82-юм, компанияи финии Sohera аз ҷои 114 ба ҷои 374-ум фаромад.
Маълум аст, ки барои ҳар як компанияи рақобати бозорро бой додан ва маблағи сармояааш кам шудан натиҷаи хеле ғамангез меорад. Аммо қайд кардан зарур аст, ки ин тағйиротҳо тез дигар шуда, корхонаҳо ҳаракат мекунанд, ки технологияҳои худ, хатогиҳои худро ислоҳ карда, бо истифода аз навоварӣ боз ҷои намоёнро дар ҷаҳон ишғол намоянд. Ҳатто дар давраи бӯҳрони вазнини сиёсию иқтисодии соли 2002-юм дар қатори 20 иттиҳодияи сарватманди ҷаҳонӣ, онҳоеро мебинем, ки дар соҳаи технологияи ахборӣ, телекоммуникатсия, сохтани доруҳои гуногун кор мекунанд: Microsoft - 2-юм ҷой, Pfizer - 6-ум, Intel - 7-ум, IBM - 12-ум, NTT DOCOMO - 14-ум, Merck - 15-ум, SBC Communications - 18-ум, Cisco Systems - 20-ум. Солҳои охир ба ин нишондиҳандаҳо аллакай иттиҳодияҳои нафт, истихроҷи газ ва металлургия наздик омада истодаанд, ки истифодаи технологияи баланди истеҳсолӣ доранд.
Сохтори соҳавии пешвоёни FT - 500 ҳар сол журнали «Эксперт»-ро аз чоп мебарорад. Мувофиқи фаҳмишҳои имрӯза, дар аввалҳои солҳои 80-уми асри ХХ дигаргуншавии давраи технологии чорум ба вуҷуд омадааст, ки инкишофи соҳаи автомобил, саноат, ҳавопаймоӣ, саноати кимиёвӣ ва химияи нафт, металлургияи ранга, маводи нимкоркард, давраи панҷум бошад, навовариҳои зербиноӣ технологияи ахборӣ, телекоммуникатсия, биотехнология, истифодаи дастовардҳои техникии даҳсолаи охири асри ХХ-ро номбар кардан мумкин аст. Дар натиҷа дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон пешравии саноат ва тағйирот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор