Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Силсилаи шашум - давраи охирон аз қадамҳои зерин иборат аст:
содиркунанда ва воридкунанда оид ба амалӣ гаштани шартнома ҳисобот менависанд;
гуфтушунид оид ба муҳокимаи ҳисобот;
чорабинии фаъолияти оянда.
Фаъолияти бурунмарзӣ бо роҳи ташкили корхонаҳо маблағгузории хориҷӣ. Мақсади гирифтани фоида бо роҳи ҷалб кардани захираҳои моддӣ ва молиявии хориҷӣ ва технологияю таҷрибаи пешқадам мебошад.
Бо сифати сармоягузории хориҷӣ ҳама намудҳои моликият, арзишҳои зеҳнӣ истифода бурда мешавад, ки аз тарафи сармоягузории хориҷӣ гузошта мешавад. Дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолиятҳо:
пасандозҳои пулии мақсаднок;
қоғазҳои қимматнок;
фондҳои асосӣ ва гардони таҷдидшуда;
маҳсулоти илмию техникӣ;
моликияти зеҳнӣ;
Бо сифати сармоягузории хориҷӣ баромад карда метавонад:
шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
шахсони инфиродӣ;
давлатҳои хориҷӣ;
ташкилоти байналхалқӣ.
Ташкили корхонаи муштараки истеҳсолӣ, шартномавии идоракунӣ, фурӯши литсензия, франчайзинг (як шакли фурӯши литсензия).
29.2. Идоракунии фаъолиятҳои гумрукӣ
Фаъолияти бурунмарзӣ бевосита ба зарурияти гузаронидани мол аз марзи як давлат ба давлати дигарро ба вуҷуд меорад. Ин ҷараёнро бо роҳи як қатор фаъолиятҳои расмии барои ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ҳангоми содирот ва воридоти мол дар мамлакат фаъолияти гумрукӣ роҳбаланд мебошад.
Фаъолиятҳои гумрукӣ аз тарафи органи махсуси давлатӣ гузаронида мешавад, ки хизмати гумрукӣ номида мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор