Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Вазифаи аввалиндараҷаи гумрукӣ ин назорати боре аст, ки аз марзи мамлакат мегузарад аз шаҳру бандарҳое, ки бор ба хориҷа равон карда мешаванд.
Вазифаҳои асосии хизматҳои гумрукӣ:
❖ тафтиши риояи қонуни гумрукӣ;
❖ гузаронидани тафтиши гумрукӣ;
❖ мубориза бар зидди қочоқкорӣ;
❖ гирифтани моле, ки барои бурдан манъ аст;
❖ гирифтани бор барои нигоҳдории муваққатӣ;
❖ баҳисобгирии молҳои воридотӣ ва содиротӣ.
Қисми ҳудуде, ки дар он қонунҳои гумрукии давлат фаъолият доранд «ҳудуди гумрукӣ» меноманд. Ҳудуди берун аз гумрукӣ минтақаи озод номида мешавад. Дар минтақаи озод низоми махсуси гумрукӣ амал мекунад, ки барои содироту воридот шароити хуб муҳайё мекунанд. Минтақаҳои озод аслан дар ноҳияҳое муайян мекунанд, ки барои баланд бардоштани иқтисоди он чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Иҷрои тамоми қонуниятҳои расмии бароиш ва воридоти мол «Тозагии гумрукӣ» номида мешаванд. Тозакунии гумрукӣ асосан аз тарафи воридкунанда ва содиркунанда гузаронида мешаванд.
Шаклҳои зерини пардохти гумрукӣ мавҷуд мебошад:
❖ боҷи гумрукӣ, барои ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гуселонидани мол; ❖ ахбор, маслиҳат ва додани литсензия; ❖ аксизҳо; ❖ андоз аз арзиши илова; ❖ андози гумрукӣ.
Андози гумрукӣ яке аз шаклҳои асосии пардохти гумрукӣ мебошад, ки аз маблағҳои ҷамъшуда оиди молбарорӣ ва воридоти мол аз ҳудуди гумрукии мамлакат меноманд.
Андози гумрукӣ барои молҳои содиротӣ барои молҳои воридотӣ ва барои молҳои транзитӣ гуногун мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор