Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Андозҳои гумрукӣ содиротӣ ин маблағҳо барои зиёд кардани даромади давлат аз ҳисоби содирот мебошад. Инчунин бо ин андозҳо фурӯши молро дар дохили мамлакат ба танзим медароранд.

Андозҳои гумрукии воридотӣ барои баланд бардоштани нарх ба молҳои хориҷӣ, бо мақсади таъмин кардани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилаи мамлакат ташкил карда мешаванд. Андозҳои гумрукӣ аз ҳар як воҳиди маҳсулот, ё худ фоизи муайян аз маблағи умумии бор гирифта мешаванд.

Ставкаи андози гумрукӣ дар тарифгузории гумрукӣ оварда мешавад.

Тарифи гумрукӣ гуфта, ҳуҷҷатеро меноманд, ки номгӯи тамоми молҳо ва ставкаи андози гумрукии он нишон дода шудааст.

Ставкаи ҳадди ақалли гумрукӣ ба молҳои воридотие гузошта мешаванд, ки ворид шудани онҳо шароити хуби зиндагиро дар мамлакат таъмин месозад. Ставкаи баланди гумрукӣ барои молҳое гузошта мешаванд, ки талаботҳои баланди таъминкунии гурӯҳи одамони даромади калондоштаро таъмин мекунад, ё ба молҳое гузошта мешавад, ки воридшавии онҳо ба дохили мамлакат шароити ноқулай барои истеҳсолкунандаи ватанӣ меорад.

Ҳуҷҷати асосӣ барои аз марзи гумрукӣ гузаштан декларацияи гумрукӣ мебошад. Ин ҳуҷҷат маълумот оид ба борест, ки марзи як давлатро мегузарад. Ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсе пур карда мешавад, ки молро мегузаронанд ва аз тарафи коргари гумрукӣ бо мӯҳру имзо ва санаи гузаштани бор тасдиқ карда мешаванд.

Барои таъмини қонунии гузаронидани бор аз марзи гумрукӣ шахсе, ки молро гусел мекунад вазифадор мебошад:
декларатсиякунонии бор ва нақлиёти боркаш;
ба намояндаи гумрукӣ пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
вобаста аз талаботи органи гумрукӣ пешниҳоди мол ва ҳуҷҷатҳои расмии он;
пардохти андози гумрукӣ;
пешгирии қонунвайронкунии гумрукӣ.

Мувофиқи қоида ва қонуниятҳои гумрукӣ барои нақлиёте, ки ҳудуди гумрукиро мегузарад, резаи гумрукӣ муайян карда шудааст:

пешина
аз 512
навбатӣ