Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Яке аз унсури ҷараёни ташаккули ИЗМ ин интихоби кормандони баландихтисос барои ҳар мавқеи муайяни корхона. Чор усули асосии интихоби кормандон ки ташкилотҳои байналхалқӣ истифода мекунанд:

  1. Этномарказӣ. Талаботи якхела ба интихоби ҳайати корхона чӣ дар хона ва чӣ дар хориҷи кишвар этномарказият ном дорад.

  2. Бисёрмарказӣ. Таъин кардани роҳбарони корхонаҳо аз намояндагони он миллате, ки корхона ҷойгир шудааст.

  3. Минтақамарказӣ. Дар асоси чунин усул бояд, ки бозорҳои глобалӣ дар шароити минтақавӣ ва таъин намудани намояндагони ин миллат дар вазифаҳои идоракунӣ ҷорӣ карда шавад. Ин усул дар шароите истифода карда мешавад, ки молҳои ширкат дар давлатҳои гуногун фурӯхта шаванд, бе тағйирот ва фақат омилҳои маркетингии фурӯши мол ба инобат гирифта, вобаста ба минтақа, ё худ давлат тағйир дода мешаванд.

  4. Марказӣ. Мувофиқи ин усул ба вазифа таъин намудани кормандон новобаста аз миллату ҷои корхона фақат аз дараҷаю малакаи донишашон кормандон ба кор қабул карда мешаванд, ё худ ба вазифа таъин мешаванд.

Дар таҷрибаи ИЗБ байналхалқӣ чор гурӯҳи кормандон аз рӯи вазифа ҷудо карда мешаванд.

  1. Роҳбарони олӣ.

  2. Мутахассисони махсусгардонидашуда.

  3. Мутахассисони ҳолатҳои бӯҳронӣ.

  4. Коргарони оҷилӣ.

Дар соҳибкории байналхалқӣ инчунин кормандони экспотриантҳо қабул карда мешаванд.

Экспотриант мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ шуда метавонанд. Аксари коргарони роҳбарикунандаи ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҳисоби коргарон - шаҳрвандони маҳаллӣ таъин карда мешаванд. Ин усул якчанд омилҳо ва хусусиятҳои хоси худро доранд:

  1. Маҳдудияти гардиши кормандони экспотриантӣ. Дар ҷойҳои (вазифаҳо) холӣ ёфтани мутахассисон бо сабабҳои зерин вобаста мебошад:
пешина
аз 512
навбатӣ