Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

аксари одамон намехоҳанд, ки ҷойҳои муҳими худро иваз кунанд; экспортиантҳо барои ташкилотҳо қиммат меафтад; монеаҳои ҳуқуқии зиёд дар истифодаи экспотриантҳо.
2. Рақобати маҳаллӣ. Кормандони маҳаллӣ, шароитҳои маҳаллӣ, урфу одат ва дигар рафторҳои махсуси коргарони маҳаллиро хеле хуб медонанд.

  1. Эътибори маҳаллӣ.

  2. Ҳавасмандӣи кормандони маҳаллӣ, агар дар вазифаҳои роҳбарии кормандони экспотриант таъин карда шаванд, кор бо коргари оддии маҳал мушкил мегардад.

  3. Мақсадҳои дарозмуддат.

  4. Набудани одаткунии зарурӣ оид ба кор ба кормандони маҳаллӣ.
    Новобаста ба он, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ кормандони экспотриант кам бошанд ҳам, истифодаи меҳнати онҳо як қатор сабабҳо доранд:

  5. Мувофиқати техникӣ. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ буда кормандони дониши баланди техникӣ дошта кам дида мешаванд, бинобар ин меҳнати экспотриантҳои дониши баланди техникӣ дошта самаранок мебошад.

  6. Баланд бардоштани дараҷаи дониши коргарон. Шинос шудан ба таҷрибаи давлатҳои гуногун имкон медиҳад, ки менеҷерон таҷрибаи хуби корӣ пайдо намоянд.

  7. Назорат. Роҳбарон ва мутахассисоне, ки аз ташкилотҳои марказӣ равон карда мешаванд, тактика ва стратегияи инкишофи корхонаҳои байналхалқиро хубтар мефаҳманд ва амалӣ мегардонанд, яъне назорати идоракунии қоидаҳои ташкилии корхона дар берун аз мамлакат, яъне дар филиалҳо хуб ба роҳ монда мешаванд.
    Баъди баргаштан аз сафари хизматӣ ба ватан мутахассисони экспотриантҳо чунин масоил пайдо мегарданд:

  8. Масоили хислати молиявӣ дошта.

  9. Одаткунӣ ба шароити кории ватанӣ.

  10. Мувофиқа шудан ба шароити ҳаётӣ дар ватан. Баъди одат шудан дар хориҷи кишвар ба ватан баргаштан як қатор масоили мушкили одаткуниро

пешина
аз 512
навбатӣ