Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маълум аст, ки натиҷаи назорат дар шакли ҷадвалҳо, графикҳо ва нақшаҳо дода мешавад. Хуб мешуд, ки агар нақшаҳо пурра аниқ ва асоснок дар шакли ҷадвалу графикҳо сохта мешуданд.

  1. Менеҷонро зарур аст ба "Маркази масъулиятҷо", ки ба сохтори ташкилот дар шакли "Маркази фоида" арзи вуҷуд дорад, такя намоянд. Консепсияи "Марказҳо" дар доираи консепсияи худназорати амал мекунанд.

  2. Мақсаднок мебуд, ки ҳисоботҳо "сухангӯй" мебуданд, яъне менеҷерон натиҷаи ченаки худро на фақат ба воситаи факту рақамҳо, балки бо пешниҳоду дастурҳо доир ба беҳтар кардани фаъолият, ҳамчун системи назорат истифода кунанд. Хуб мешуд, ки нишондиҳандаҳо ба нишондодҳои соли гузашта муқоиса карда, баҳо дода мешуданд.

  3. Ченаки натиҷавӣ дар вақти муайяни вақт бояд баҳо дода шаванд, чунки бо гузашти вақт аллакай мазмуни таҳлил мантиқ надорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло чунин хулоса баровардан мумкин аст:

❖ ченаки натиҷаҳо барои аниқ кардани нишондиҳандаҳо оид ба натиҷаҳои аниқи фаъолияти ташкилот дар вақти муайяншуда ва қайд намудани онҳо дар воситаҳои барандагони ахборӣ;

❖ ҳар як менеҷер иштирокчии ҷараёни коммуникатсионӣ мебошад, лекин на ҳамаи онҳо ҳангоми муайян шудани фарқият аз нақшаҳо ва меъёрҳо метавонанд, ки қарори мувофиқ қабул намоянд;

❖ ченаки натиҷа - давраи охирини "пайдоиши ақидаву пешниҳоди нав ва ҳаракати ахбор аз менеҷер ба менеҷероне мебошад, ки дар раванди идоравӣ иштирок мекунанд.

17.5. Ҳайат ҳамчун объекти асосии системи функцияи назоратии менеҷерон

Таҷрибаи менеҷумент исбот намудааст, ки яке аз объектҳои асосии назорат ин ҳайати корхона мебошад. Диққати асосиро ба ҳайати корхона равона кардан лозим, ки системаи назоратӣ ва самаранокии идоракунии технологӣ ва молҳоро

пешина
аз 512
навбатӣ