Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

таъмин намоем. Маҳз, бо ҳамин хотир мо бояд ҷараёни назоратро ба коргароне равона созем, ки сифати фаъолияти ташкилотро таъмин менамоянд.

Системаи назоратӣ, фаъолияти ташкилию функционалӣ ва идоракунии ташкилотро таъмин менамояд. Дар аксар маврид ҳолатҳои қафомонии сохтори назоратӣ аз сохтори ташкилии корхонаҳо дида мешаванд, ки ин ба самаранокии кори корхона таъсири манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки имрӯзҳо дар аксари ширкатҳои калони байналхалқӣ алоқамандии байни коргарон дар ташкилот ба тариқи «системавӣ», ё худ «иҷтимоию техникӣ» сурат мегирад. Системаи назорат бошад, дар шакли механикӣ боқӣ мемонад, ки дар натиҷа қафомонии ин система хеле васеъ ба чашм мерасад.

Яке аз хусусияти дигари системаи назорат, ки имрӯзҳо ба кори менеҷмент халал мерасонад, ин шакли «анъанавӣ», «худситоӣ» мебошад, яъне, вақте ки шӯъбаҳои алоҳидаи назоратӣ ҷудо карда мешаванд ва коргарони алоҳидаи ин вазифаҳоро ба ӯҳдадошта, корро дар андозаи фаҳмиши худ пеш мебаранд.

Натиҷаи аз таҷрибаҳои хеле хуби мактаби ҷопонӣ бадастомада он мебошад, ки ҳангоми нишонгирии он ба ҳайат ва системаи назорат як зинаи тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба гузошта шудааст ва дар ин ҳолат як масофае байни менеҷерон ва иҷрокунандагони вазифаи «назоратчиён» дида мешавад.

Вазифаи ин назоратчиён, аллакай, назорат кардан не, балки омӯзиши истеҳсолот дар ҷои корӣ мебошад.

Бинобар ин дар ҳайати «назоратчиён» коргарони нисбатан дараҷаи ихтисос ва малакаи кордонии баланд дошта кор мекунанд.

Аз ин нуқтаи назар, назорат дар шакли корҳои ташхисии ширкатҳои ҷопонӣ амалӣ мегардад.

Таҷрибаи кории корхонаҳои Тоҷикистон дар шароити имрӯза нишон медиҳанд, ки системаи қатъии назорат на сифат ва на суръати корро баланд намудааст, балки садди роҳи пешравӣ гашта, ба натиҷаи фаъолияти корхона зарар меоварад.

Тадқиқотчиёни бахши менеҷмент исбот намудаанд, ки системаи қатъии назорат ба он оварда мерасонад, ки иҷрокунандагон ба нишондиҳандаҳои назоратӣ эътибор дода, дигар нишондиҳандаҳоро аз хотир мебароранд, ё ба онҳо

пешина
аз 512
навбатӣ